Мантиқ

Менделеев, ошкор кардан мумкин аст.
Сеюм. Тасниф абадӣ набошад ҳам, дар маърифат то андозае муддати дароз истифода мешавад.
Чаҳорум. Натиҷаҳои тасниф бо ёрии ҷадвалҳо ё схемаҳо тасвир меёбанд. Масалан, системаи даврии Менделеев тавассути ҷадвал тасвир шудааст. Таснифи ҳукмҳои муносибатро аз рўи миқдор тавассути схема тасвир кардан мумкин аст. Барои мисол таснифи мафҳуми рағбат (хоҳиш), ки Эпикур додаст, аз назар мегузаронем. Ў мафҳуми рағбатро чунин тасниф кардааст: табиӣ ва зарурӣ, табиӣ, аммо ғайризарурӣ, ғайритабиӣ ва ғайризарурӣ.
Бояд гуфт, ки рағбати ғайритабиӣ ва зарурӣ (P2,1)-ро Эпикур номбар накарда буд.
Гарчанде тасниф шакли махсуси амали тақсим бошад ҳам, онҳоро аз якдигар фарқ карда тавонистан лозим аст. Одатан тақсимро нисбат ба як объект истифода мебаранд. Тасниф бошад ба гурўҳи обектҳо татбиқ мешавад ва онҳо мавзўи таҳқиқи илмҳои гуногунро ташкил медиҳанд. Масалан:
таснифи ҳукмҳо ва мафҳумҳо дар мантиқ, ҷумлаҳо дар забоншиносӣ, ҳайвоноту наботот ва умуман организми зинда дар биология, форматсияҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар фалсафа, элементҳои химиявӣ дар химия. Тасниф тақсими чизҳо ба гурўҳҳост, ки ҳар як гурўҳ нисбат ба дигараш мавқеи доимӣ ва муайянро ишғол мекунад.
Вазифаи асосии тасниф мураттаб сохтани дониш аст. Аз ҳамин сабаб вай муддати дуру дароз бетағйир мемонад. Ғайр аз он, тасниф амалест, ки дар он ҳар як узви тақсим, дар навбати худ, боз ба ҷузъҳои нав ҷудо мешавад. Тасниф дар ҳамаи соҳаҳои илм ва фаъолияти амалӣ, аз ҷумла дар илмҳои ҳукуқ васеъ истифода мешавад. Масалан, дар фасли махсуси кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ ҳамаи ҷиноятҳо аз рўи тартиби муайян номбар шудааст. Аз рўи характери суиқасд нисбат ба объекти ҷиноят (асоси тақсим ё тасниф) ҷиноятҳо ба ҷинояти давлатӣ, ҷиноят зидди моликият, ҷинояти зидди ҳайёт, тандурустӣ, озодию шаъну шарафи шахс, ҷинояти зидди ҳуқуқи сиёсию меҳнатии шаҳрвандон ва ҳоказо тақсим мешаванд. Ҳар як намуди ҷиноят, дар навбати худ, боз ба қисмҳои мустақил ҷудо шуда, ба онҳо кодексҳои ҷиноии муайян мувофиқ гузошта шудааст. Таснифе, ки мо онро шарҳ додем, таснифи илмӣ ё табиӣ ном дорад. Ғайр аз ин, баъзан тасниферо истифода мебаранд, ки он таснифи сунъӣ ном дошта дар асоси нишонаҳои номуҳим сурат мегирад. Масалан, барои ба осонӣ ёфта гирифтани ном ё насаби хонандагон онҳо аз рўи ҳарфҳои алифбо навишта мешавад.
Ҳангоми мутолиаи китобҳои илмӣ, бо мақсади нигоҳ доштани идеяҳои шавқовар таснифи сунъӣ кор фармуда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё