Мантиқ

Одатан дар ҳукмҳо ягон нишона ё аломат нисбат ба як, ё якчанд, ё ҳамаи фардҳои гурўҳ тасдиқ ё инкор мешавад. Дар чунин ҳолатҳо мегўянд, ки субъект ва предикати ҳукм, як, якчанд ва ё ҳамаи фардҳои гурўҳи муайянро инъикос менамояд.
Истилоҳе, ки ҳамаи фардҳои ягон гурўҳро инъикос менамояд, муштарак номида мешавад. Агар истилоҳ танҳо қисми фардҳои гурўҳро инъикос кунад, он гоҳ мегўянд, ки вай ҳаҷми худро пурра фаро нагирифтааст ва номуштарак номида мешавад. Истилоҳи навъи аввалро истилоҳи тақсимшуда ва истилоҳи навъи дуюмро истилоҳи тақсимнашуда низ меноманд.
Ба ҳамин тариқ, истилоҳро дар ҳукм фақат ҳамон вақт тақсимшаванда ҳисобидан мумкин аст, ки агар ҳаҷми он пурра ба ҳаҷми истилоҳи дигар дохил бошад ё, ки аз ҳаҷми истилоҳи дуюм пурра хориҷ бошад. Ин чунин маъно дорад, ки дар ҳукм доир ба ҳамаи фардҳое, ки истилоҳи мазкур фаро гирифтааст, чизе тасдиқ ё инкор мешавад.
Агар ҳаҷми яке аз истилоҳҳои ҳукм фақат қисми ҳаҷми истилоҳи дигарро ташкил диҳад, пас мегўянд, ки истилоҳи мазкур тақсимнашаванда аст. Дар ин ҳолат истилоҳи якум на ҳамаи фардҳои иъикосшударо фаро мегирад. Ба ибораи дигар, ҳукми гуфташуда танҳо нибат ба қисми ҳаҷми субъект ё предикат раво мебошад.
Акнун, мо чӣ навъ будани тақсимшавии истилоҳҳоро дар навъҳои ҳукми соддаи қатъи (А,Е,I,О) ошкор менамоем.
Дар ҳукми куллии тасдиқӣ субъект тақсимшаванда буда, предикат тақсим намешавад. Масалан, дар ҳукми «Ҳамаи материалистони то марксистӣ дар таъбири масъалаҳои ҷамъият идеалист буданд». Субъект – «материалистони томарксистӣ» ба ҳаҷми пуррааш гирифта шудааст, зеро сухан дар бораи ҳамаи материалистони томарксистӣ меравад. Бинобар ин, субъекти ҳукми мазкур тақсимшаванда мебошад. Предикати ҳукм (Р) «дар таъбири масъалаҳои ҷамъият идеалист буданд» бошад, ба ҳаҷми пуррааш гирифта нашудааст. Барои он, ки фикри дар субъект гуфташуда (яъне материалистони томарксистӣ) на барои ҳамаи файласуфоне, ки дар таъбири масъалаҳои ҷамъият идеалист буданд, тааллуқ дорад. Танҳо ба он материалистон дахл дорад, ки то пайдоиши марксизм зиндагонӣ карда бошанд. Ғайр аз материалистони томарксистӣ, боз файласуфҳое буданд ва ҳастанд,ки масъалаҳои ҷамъиятиро идеалистона таъбир менамоянд. Вале дар бораи чунин файласуфон дар ҳукми мазкур ҳеҷ чиз гуфта нашудааст. Аз ин рў, предикати ҳукми мазкур тақсим нашудааст ва ҳаҷми он назар ба ҳаҷми субъект васеътар мебошад. Дар мантиқ таносуби истилоҳҳои ҳукмро тавассути доираҳо тасвир мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё