33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Чуноне ки дида мешавад, бо дастгирӣ аз ин пешниҳод аз харҷу масрафи барзиёд ва мушкилоти миёншикан раҳоӣ ёфта, бо осонтарин роҳ хатти мавҷуда ва одаткардаи хеш, яъне кириллиро китобат мекунем ва дар роҳи расидан ба асли хеш аз хатти ниёгон ва омӯзиши он муҳофазат. Вассалом!
«СССР»\25.11.2010
Фасли 3. Адабиётшиносӣ - ҳусни забон
Юсуф ва Зулайхои Рўдакӣ
Достони «Юсуф ва Зулайхо» навиштан дар адабиёти форсу тоҷик аз фарҳанги араб сарчашма дорад. Чаро ки дар «Қуръон»-и азимушшаън чандин маротиба Яъқуб (ъ) бо лақаби Исроил ва писарони ў машҳур бо номи «бани Исроил» (яъне фарзандони Яъқуб) зикр рафтааст. Оҳиста-оҳиста маънои он инкишоф ёфт, ки имрўз қавми яҳудро бани Исроил мегўянд ё давлати Исроил низ мусаммо аз ин ном аст. Сураи машҳури «Юсуф» низ сужаи мукаммали қиссаро пеши достоннавис фароҳам мегузорад.
Бояд гуфт, ки ин қиссаи машҳур дар Библияи бузург омада ва шоирони классики мо низ аз истифодаи ин китобҳои осмонӣ бебаҳра набуданд, Шарҳу тафсири яке аз ниёишҳои машҳури мусулмонон бо номи «Имони муфассал» низ шаҳодат бар он аст,ки ҳазрати Муҳаммад (ъ) омўзишу арҷгузории ин чор китоби осмониро вазифаи ҳар як мусулмон донистааст.
Аз ин нуқтаи назар шоире ба навиштани достони «Юсуф ва Зулайхо» даст мезад, ки нахуст огоҳии комил аз «Қуръон» бояд медошт.
Яъне, ин омили нахустин барои ҳар як шоир муҳим мебошад. Ба ёд биёрем, Фирдавсии Тусиро, ки баъди аз зулми Султон Маҳмуд ба Ироқ гурехтану дар он ҷо дар асоси сураи «Юсуф» қиссаи «Юсуф ва Зулайхо»-ро таълиф карданаш ва ба ивази он ду ҳазор динор силлӣ ёфтанаш (дар зикри тазкиранависон), ишора ба ин омили муҳим мебошад.
Омили дуюм ин маҳорати шоирӣ ва достонсароӣ мебошад.
Суоле пайдо мешавад, ки оё имкон дошт Рўдакӣ достони «Юсуф ва Зулайхо» нависад?
Бо камоли боварӣ, ин ҳар ду омил дар шахси Рўдакӣ ҷой дошт.
Омили нахуст: Рўдакӣ дар синни хурдӣ «Қуръон»-ро азёд карда буд ва инро тазкиранависон қайд кардаанд.
Омили дуввум: Дар хусуси маҳорати шоирии Рўдакӣ ҳоҷати гап нест. Зеро бадоҳатан бо як истеъдоди фавқулодда шеър гуфтани Рўдакӣ дар адабиёт машҳур аст.
Шеъри машҳури Рашидӣ «Шеъри ўро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор» низ тақвият ба гуфтаҳои болост.
Баъди охирин бор аз тарафи болшевикон (соли 1920) нест шудани китобхонаи Бухоро, ки ду моҳ дар Регистони Бухоро китоб сўхтааст ва он китобҳо чӣ китобе будаанд, касе намедонад, осори бисёр классикон аз байн рафт. Дар чашми хатношиноси болшевики рус, ки ҳама китобҳо бо як хат – арабӣ навишта шуда буданд, чӣ фарқе буд байни девони Рўдакӣ ё китобе динӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё