33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Тоҷике, ки гапаш ба Амир Олимхон мегузашт
Муфтӣ Зокир – мансабдори Бухорои Шариф Муфтӣ Зокир аз деҳаи Вераҳи ноҳияи Сари Хосор солҳои ҳафтодуми асри 19 ба Бухоро меравад ва дар ин шаҳри маркази илму фарҳанг таҳсили илм мекунад. Чун толибилми босавод баъди хатми мадраса дар Бухоро мемонад. Дар мадрасаҳои Бухорои Шариф ба таълим машғул мешавад. Дар муҳокимаи масалаҳои ҷиддӣ, махсусан масъалаҳои нозуки шаръӣ иштирок намуда, чун шахси босавод дар мазҳаби поки Эмоми Аъзам маъруфият пайдо мекунад. Ў то мансаби муфтӣ дар Бухоро мерасад. То дараҷае, ки бисёр масъалаҳои нозукро аз Муфтӣ Зокир (р) мепурсиданд. Қозиён бо машварати ў ҳукмҳои хешро содир мекарданд. Аз нақли шахсони воқеӣ маълум мешавад, ки Муфтӣ Зокир мартабаи шайхигариро соҳиб буда, соҳибҳол буд, яъне аз илми тасаввуф низ бархурдор буд. Аксар уламои Бухоро дар назди Муфтӣ Зокир дасти пир мегирифтанд.
Муфтӣ Зокир (р) – соҳибҳол
Ба муфтӣ хабар меоранд, ки яке аз шогирдонаш – домуло Саъдулло (р) аз деҳаи Дашти Ангораи Сари Хосор, ки дар Бухоро таҳсил мекард, аз дунё гузаштааст. Муфтӣ баъди муроқаба сар бардошта мегўяд, ки домулло Саъдулло (р) зинда аст. Одамон ҳайрон мешаванд. Муфтӣ ба болои домулло меояд, ки аллакай ўро шуста, барои ҷаноза тайёрӣ дида истодаанд. Муфтӣ иҷозат намедиҳад ва мегўяд, ки ду рўзи дигар «майит»-ро нигоҳ доранд. Ниҳоят рўзи саввум фарёду нидо аз хонаи домулло ба фалак мепечад, ки домулло зинда шуд!!!
Дигар. Яке аз муридони муфтиро шабона ду шахси номаълум аз ҳуҷрааш гирифта, мебаранд. Ин шахсон аз ин мурид чӣ мехостанд ва чаро ўро бурданд, нақли алоҳида аст. Аммо ин шаб ҳаёти ин мурид дар зери хатар буд. Чун қариби бомдод аз мурид чизе гирифта натавониста, ўро ба ҳуҷрааш боз пас меоранд. Мурид таҳорат карда, шукргўён ба тарафи масҷид, ки ҳама ёрону дўстон чун одат он ҷо ҷамъ мешуданд, мешитобад. Аз ҳамомҳои Бухоро буғро ин соат сар медоданд. Ин мурид дар наздикии масҷид домуллоҳо, аз ҷумла муфтӣ Зокирро дида, тарафи онҳо меравад, салом мекунад ва мехоҳад чизе бигўяд, ки муфтӣ ўро ба оғўш кашида мегўяд: «Имшаб то рўз нахуфтам ва дар фикру ёди ту будам, шукр, ки саломат аз дасти он ғайриинсиён наҷот ёфтӣ!»
Дархости лағви андоз аз Амиралмўъминин Муфтӣ Зокир дар дарбори Амир Олимхон нуфузу мартабае дошт.
То дараҷае ки дар сўҳбате бо Амир Олимхон ба Амир мефаҳмонад, ки Сари Хосор як макони кўҳсор аст ва тамоман замини ҳамвор надорад, аз ин рў дар ин ҷо кишти гандум қариб, ки намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё