Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сербҳо аввал омадаанд
Дар таърих чунин ҳодисае, ки қонуни «Кӣ аввал…»-ро барҳам задааст, кам нест ва касе, ки онро барҳам мезанад, чун истилогару ғосиб қаламдод мешавад. Бале маҳз аз нуқтаи назари қонуни кӣ аввал омадааст ғосиб аст. Мушкилоти албанҳо ҳам дар Югославия ҳамин аст. Зеро ба ин хок авал сербҳо омадаанд. Масъалаи дар хоки Фаластин аввал омадани яҳудиён ё арабҳо солҳост ҳалли худро намеёбад.
Ҳанўз хеле пештар аз ҷониби Худованд Замин ба Одам (а) ва фарзандони ў арзонӣ гашта буд ва ҳушдори ин ки «ҳама кураи замин баробар ба ҳама фарзандони инсон тааллуқ дорад»-ро кайҳо қонуни зикршуда фурў бурдааст. Зеро минбаъд замин на ба ҳама фарзандони ў баробар тақсим шуд. Имрўз ҳар порча замин моли ҳамон кас ё давлатест, ки аз дидгоҳи худи онҳо гўё аввал омадаанд. Курсҳои болоӣ бар поёнӣ, маҳаллиҳо бар омадаҳо, дембелҳо бар наваскарон бо фахр бартарӣ ва муқаддамӣ меҷўянд. Гўё аз ин мисраъҳо огаҳ нестанд:
Мо зи оғозу зи анҷоми ҷаҳон бехабарем, Аввалу охири ин кўҳнаработ афтодаст.
Оё ин бузургии ҳамин қонун нест? Ё дар ин давру замон аз ин дида қонуни бузургтаре низ ҳаст?
Муҳаммад, салавот бар ту!
Бузургии Муҳаммад (с) ва дини ислом маҳз дар шикастани ҳамин қонуни мавҷудбуда, ки одамон бар дурустиву нодурустии ин қонун тобеъ буданд, бори дигар ҷилвагар мешавад. Яъне аксарият, махсусан пирони бутпараст, дини худро аввал дониста, бутпарастиро чун дини аҷдодӣ аз даст додан намехостанд. Онҳо барои далели худ ҳар лаҳза мегуфтанд, ин Лоту Ҳубал бутҳоеанд, ки аз қадим бобу аҷдоди мо парастиш мекарданд. Яъне боз такя бар ҳамин қонуни «Кӣ аввал…»
мекарданд. Вале Аввали Муҳаммад (с) аввалтар аз ҳамаи аввалҳо буд.
Аз ин рў Аввали ў ғолиб бар ҳама аввалҳои дигар гашт. Ва ҳама қолабҳоро бишкаст. Зиҳӣ, бар он касе, ки қолаб мешиканад. Салавот бар ту, ай расулуллоҳ!
6 млрд дар як садсола Ҳар як садсола 6 млрд аҳолӣ ба ҳисоби миёна меоянду мераванд.
Ва чӣ қадар садсолаҳо гузаштаанд, Худо медонад. Ин омадушудҳо ағлаби одамонро панд намешавад, ки намешавад. Ҳанўз дар фикри ғасби порчае бештару беҳтаранд. Чунин офарида шудааст одамӣ, ки то дами охирин мудаӣ бар аввалият дорад. Дар ин ҳама гирудорҳо, ки як ваҷаб зиёдтар мегирад ва кӣ пештар омада, чизеро соҳибӣ мекунад, мўҳлати ба ў ҷудошуда ба охир мерасаду ў ҳанўз дар ғафлат аст, ҳанўз огаҳ нест, ки ҷойро барои дигарон холӣ бояд кард.
Танзим – шикасти қонуни одатӣ Шикастани ҳар гуна расму оин ва амалҳои одатшудаи барои мардум гарон ҷуръати бузургеро тақозо мекунад.

пешина
аз 161
навбатӣ