Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале ин гиряи тарс нест, ин нишонаи имон аст. Хубрўтарин ва зеботарин офарида, ифтихори Худованд дар назди малоик аз ин офаридаи Худ.
Ва зебоӣ на дар шахси зан, балки мард. Покӣ, тозагӣ, аз хиёнат дур будан ин ҳама ба ҳам омадаанд дар ин филм. Бешак, бурди синамои Эрон дар филми мазкур аз қиссаи осмонӣ дарёфти ҳунарманди зебо дар нақши Юсуф аст.
Орзу доштам, ки дар ҳама ҷаҳоннамоҳои Тоҷикистон чунин филмҳо бештар пайдо шаванд. Ҷои филмҳои ифодагари расму оину дини бегона ва фаҳш, ки майнаи ҷавононро заҳролуд мегардонанд, филмҳои худӣ рўи кор биёянд.
Хидмати шабакаҳои мо дар мавриди намоиши филмҳои худӣ дида шаванд ҳам, вале филмҳои мавҷуда хело кам ва барои тарбияи як нафар тоҷики замони навин басанда нестанд.
Албатта мо пурра зидди филмҳои ҳиндӣ ё истеҳсоли дигар нестем.
Аммо дар ин даврони гузариш бештар филмҳое намоиш дода шаванд, ки ба худшиносии ҷавонон таъсир расонанд ва дар онҳо беҳтарин хислатҳоро тарбия намоянд. Телевизионҳои Россия чанд сол аст, ки аз пахши филмҳои хориҷӣ рўтоб шуда, танҳо филмҳои худашонро намоиш медиҳанд. Онҳо комилан таъсири киноро дарк намудаанд, ки дар худшиносиии ҷавонон нақши ҳалкунанда дорад. Воқеан, аксари филмҳои навини русӣ махсус идеяҳоеро тавассути ин санъати зебо ба насли оянда талқин месозанд.
Чизи дигар, дарёфти истеъдодҳои баланд чун Ҳошим Гадову Бимбулат Ватаев ва Саид Пиров дар нақшҳои умда вазифаи кинои имрўза аст. Маҳз ҳунарманди ҷисман боқувват ва зебо дар дили тамошобин роҳ меёбад.
«СССР»\5.02.2009.
Тарғиби бараҳнагӣ

Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд: "Одамонро дар охируззамон бо либосашон мешиносанд". Ин ҳадиси набавӣ маънии васеъ дошта, дар ҳар давру замон тасдиқи худро ёфтааст. Воқеан, аз ҷиҳати зоҳир кормандони соҳаи тандурустӣ (дар ҷои кор), ҳифзи тартибот, сухторхомушкунӣ, парвозгоҳ, мудофиа ва ғайра бо либоси махсуси фарқ мекунанд. Либоси воломақомон аз аз камбағалону миёнаҳолон низ тафовут дорад. Дар ҳошияи гуфтаҳои паёмбар инро метавон гуфт, ки дар ҷомеаи имрӯза пӯшок ифодагари чунин паҳлӯҳои ҳаёт аст:

  1. Завқи одамонро ифода мекунад; 2. Сатҳи зиндагии инсонро нишон медиҳад; 3. Касбу кори шахсро мефаҳмонад; 4.
пешина
аз 161
навбатӣ