33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ин дар минтақаҳои хунук бештар ба назар мерасад. Вале дар утоқҳои гарм бо костюму гарданзеб нишастан, боз талаботи ҷамъиятии либосро дар ҷои аввал мегузорад.
Муд, намоиши либос ва намоиши бараҳнагӣ Шахс дар ҷамъият зиндагӣ карда истода, пурра ба қонунҳои нонавиштаи он тобеъ аст. Масалан, муд ҳеҷ гоҳ тобеи як шахс нест, он доим дар тағйирёбист. Гӯё ҳеҷ кас онро ба танзим намедарорад. Вале маълум аст, ки гурӯҳи сарватмандони ғарбӣ аз воситаҳои гуногуни рекламавӣ, ВАО, ҳатто кинофилмҳо истифода бурда, мақсадҳои худро дар зери мафҳуми либос дар зеҳни мардум ҷой карданӣ мешаванд. Ва иқрор бояд шуд, ки ба мақсадҳои худ як андоза ноил шудаанд. Имрӯз баъзе тоҷикони ноогоҳ мехоҳанд либоси худро ба қаҳрамони дӯстдоштаашон монанд бинанд. Мақсади ин гурӯҳи сарватмандон дар рекламаи молу ашё возеҳтар аён аст. Набошад нӯшидани кофе, чой ё дигар шарбатҳо аз тарафи духтараки нибараҳна чӣ маъно дорад?
Агар падар ё шахси калонсоле ба онҳо эрод гиранд, даррав мегӯянд, ки "ҳоло ин модда шудагӣ". Бале муд мардумро аз паси худ мебарад, ба коми худ фуру мекашад. Оқибати даҳшати муд ногуфтанист. Вагарна, чаро духтараки деҳотӣ, ки якумр ҳатто куртаи остинкӯтоҳ напӯшидааст, шаби тӯяш ба хотири муд шуда, фаттаи русӣ дар бар, бо пеши бари урён, пушташ нисфаш бараҳна ва сари нимбараҳна дар назди омма шармидаву хиҷолатманд рост меистад. Ё талабаи мактаб (14-16-сола) шарм медорад, поҷома пӯшад, зеро бо юбкаи русӣ поҷома пӯшидан "нимодний" аст. Ба қавле, либоси ягонаи мактабӣ гуфта, мо духтаронамонро аз хурдӣ тобеӣ муди ғарбӣ, муди Кармелитаву Марианаҳо мекунем. Мо бозичаи дасти сарватмандони бараҳнапарасти ғарбӣ шудаем. Имрӯз дар бозори тоҷик либоси миллии мактабӣ ёфт намешавад. Зеро моделерҳои мо ба тангнои манқуртизм дармонда, тарғиби бараҳнагӣ доранд, то ки дигаронро низ манқурт созанд.
Як дӯстам нақл кард, дар Ҳиндустон тамоми мактабҳо либоси ягонаи миллӣ доранд, фақат ранги либос дар ҳар мактаб ҳар хел - сафед, зард, сурх қабул шудааст. Дар мо бошад, танҳо ранги сиёҳу сафед таомул шудааст. Ҳол он ки дар табиат дигар рангҳо низ ҳастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё