Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қариб ҳар штат қонунҳои худро дорад.
Пас чаро мо ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои динию фарҳангӣ чунин як қонун қабул накунем!? Ё дар мактаб як қоидаи муайяни либоспўширо қабул накунем?!
Аждаре бо номи Муд фарҳанги моро мехўрад Муд чист? Он либос, ашё ё амали роҳандозишудаест аз ҷониби гурўҳе бо мақсади умумиҷамиятӣ ва бозоргир кардани ин амалу ашё.
Касе, ки истилоҳи муд ё моддаро бароварда, роҳандозӣ кардааст, мақсади муайян доштааст. Баъзеҳо ақида доранд, ки он маҳсули дасти яҳудиёни аврупост.
Ин муд аст, ки ҷавонони моро ба тарафи худ мекашад, маҷбур мекунад, ки дар бари сараш навиштаҷоту рамзҳои хориҷӣ гузорад, дар гўшу биниаш ҳалқаҳо гузаронад, ё сарро тарошида болояшро чун хурус тоҷ гузорад. Шукр, ки инаш ҳоло дар Тоҷикистони мо муд нашудааст. Вале ҳамин тавр рафтан гирад, аз ин бадтарашро чашмдор шудан мумкин аст. Зеро бачаҳои мо тақлид аз филмҳои хориҷӣ либос мепўшанд ва рафтор мекунанд.
Ин муд аст, ки духтари деҳотие, ки як умр бошарму ҳаё ба воя расидааст, дар шаби тўяш фатаи русӣ, ки пушташ то миён бараҳнааст, дар бар мекунад. Домодтўра ҳам ҳайрон-ҳайрон ба пушти арўс нигариста, хиҷолатзада худро таскин медиҳад, ки хайр ҳеҷ гап не ин модда аст.
Муд кайҳо сар ба идораву корхонаҳо халондаааст. Боре надидаем, ки барандаҳои телевизион ё ҳофизон бо тоқиву рўмол намоишро бурда бошанд, зеро модда ба ин иҷозат намедиҳад. Касе бо либоси шарқӣ ба кор намеравад, чунки либоси миллӣ ин либоси қишлоқӣ ё хонагӣ аст, яъне муд дар ин ҷабҳа кайҳо кори худро ба анҷом расонидааст.
Хонандаи азиз, албатта мо шуморо ба қафо ба асри 19 бурданӣ нестем.
Мо танҳо аҳамияту зарари мудро мегўем, танҳо рўҳияи ҷамъиятиеро, ки таҳти ҳукмронии аждаҳои модда мондааст, баён мекунему халос.
Гарданзеб (галстук) дар мактабҳо муди маҷбурӣ шудааст. Бе гарданзеб ба мактаб даромадан изн нест, бе он аз дарс ҳатто аз донишгоҳ хориҷ мекунанд. Бубинед, гарданзеб расми мо нест, вале чӣ гуна онро иҷборан муд мекунанд. Бачаҳо ҳам базўр онро қабул карда истодаанд. Чӣ хуш мебуд агар рўмол ва тоқиро ба сурати Парчам ва Нишони Миллӣ дар мактабҳо муд мекарданд.
Аждари модда чун морони Заҳок гўшу дили моро мехўрад. Мо дигар аз арзишҳои диниву фарҳангӣ ёд намекунем, аниқтараш он кайҳо аз ёд рафтааст. «Одамӣ одам набинад, аз куҷо одам шавад?!».
Ҳоло муд шудааст, ки навтоҷикдухтарҳо шикамашонро дар саҳнаҳои рақсӣ, ҳатто дар кўчаҳо намоиш диҳанд (пуф-пуфи бандаи хокӣ). Хайрият, ки бачаҳо шикамашонро нишон намедиҳанд, зеро ин ҳоло муд нашудааст.

пешина
аз 161
навбатӣ