33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ин ҳама барои ҳар олим илова ба сарфи маблағу вақти қимат дардисариҳо ва асабхаробкуниҳо ба бор овардааст. Аз нигоҳи мантиқ чаро унвонҳои илмии моро, ки чун вазифаҳои дохилидонишгоҳӣ маҳсуб мешаванд, бояд як кишвари дигар тасдиқу баррасӣ намояд? Ин дар ҳолест, ки моро тамоми дунё чун кишвари соҳибистиқлол шинохтаву эътироф кардааст.
Имиҷи Россия даҳони бадгӯёнро мебандад?
Ҳангоми ҳимояи рисолаҳои номзадиву духтурӣ ва тасдиқи онҳо дар Маскав душвориҳо аз ин камтар нестанд. Ва ҳар сол Комиссияи олии атестатсионии Россия (ВАК) қодаҳои нав ба навро бароварда истодааст ва мо бояд онҳоро иҷро намоем. Вале ҳама гӯё бар ин амр муттафиқанд, ки ба хотири пешгирии бадгӯиҳои баъзе ҳамсоякишварҳо дар мавриди ҷой доштани фасод дар шӯроҳои диссертатсионӣ ва рӯи кор омадани олимони тасодуфӣ бигузор рисолаҳои номзадӣ ва духтуриро Маскав тасдиқ намояд. Аз ин сабаб, ба хотири бастани даҳони бадгӯён беҳтар аст, ки дар болои дипломи олимони мо мӯҳри Вазорати маориф ва илми Россия бошад. Яъне боз имиҷ, шӯҳрат, империя ва ғ. нақш дорад. Гарчанде, ки атрофи рисолаҳои тасодуфӣ ва рисолафурӯшӣ дар хориҷи кишвар низ сару садоҳо зиёданд. Яъне бадгӯён дар ҳама ҷо ҳастанд ва набояд ба хотири ин овозаҳо шуда, пӯстинро оташ занем. Оё вақти он нарасидааст, ки мо нуфузи илми кишвари хешро мустақил ба оламиён муаррифӣ намоем. Аксар ҷумҳуриҳои собиқи СССР алакай истиқлолияти комили илмӣ ба даст оварда, новобаста аз дигарон олимони худро тайёр кардан доранд.
Душанбе – Маскав= 4500 км
Тасдиқи рисолаҳои номзадиву духтуриро, ки дар асоси шартномаи байни Тоҷикистону Россия сурат мегирад, фаҳмидан мумкин. Вале сухан дар бораи унвонҳо меравад, на дараҷаҳои илмӣ.
Ба фикри мо тасдиқ намудани унвонҳои дотсентӣ ва профессорӣ дар Маскав аз рӯи мантиқ ва ҳуқуқ нест ва ҳеҷ зарурате надорад. Аввал ин ки дар Маскав низ чандон муштоқи додани унвонҳои илмӣ ба шахси ношиносе, ки дар дурии 4500 км қарор дорад, нестанд. Ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ низ асоснок нест. Илова бар ин қоидаҳои нав ба нав ва сангини ВАК-и ФР ва ҳуҷҷатбозиҳо ба ҷони олимон кайҳо задааст. Масалан, пурра ба забони русӣ навиштани рисолаи духтурӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё