33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Нотарс+Боақл= Ватандӯст
Аз «Шоҳнома» мебинем, ки Фаридун барои озмудани фарзандон худро ба сурати даҳшатноке намуда, назди писарон меояд. Салм мегурезад. Тур бо тиру камон худро муҳофизат карданӣ мешавад.
Эраҷ бошад, бо ғурури фаридунӣ бо сухан муқовамат мекунад. Яъне, дар ин шоҳасар се навъи мубориза нишон дода шудааст. Воқеан, дар тамоми ҷангҳои ҷаҳонӣ ин се ҳолат асосан ба назар меояд. Гурехтан низ роҳи мубориза аст. Ба ёд биёред, тактикаи Кутузовро, ки Маскавро ба Наполеон гузошту баъд ғалаба кард. Фаридун Салмро, ки аз пеши душман гурехт, чунин ситоиш мекунад:
…Ки ҷастӣ саломат зи коми наҳанг, Ба гоҳи гурезиш накардӣ диранг.
Диловар, ки нандешад аз пилу шер, Ту девона хонаш, махонаш далер (1-145).
Устод Улуғзода басо зебо ин порчаро ба наср баргардонда:
«Писарам, ту хуб кардӣ, ки аз доми бало ҷастӣ. Диловаре, ки дидаву дониста ҷони худро дар зери хатар мегузорад, вай диловар нест, девона аст». Яъне ба ақидаи Фирдавсии хирадманд гурехтан нанг нест, балки одам барои муҳофизати ҷони худ – сарвати бебаҳо набояд аз ягон роҳ костӣ кунад, балки аз хурдтарин имконият истифода кунад.
Шояд зарбулмасали машҳури тоҷикӣ «нагурехтагӣ – номард» аз ҳамин ҷо манша дорад. Яъне на ҳама нотарсӣ боақлист ва на ҳама боақлӣ ҷасорат.
Дар «Шоҳнома» даҳҳо Троя аст
Филми машҳури «Троя»-ро, ки ватандӯстиву паҳлавониву мардонагӣ ва ғуруру ифтихор ба ҳам омадааст, ҳама медонад. Ахилес (дар нақш Брэд Пит) – паҳлавони шикастнопазир ва Гектари ватандӯст бо ҳам набард мекунанд. Бовар кунед, маҳз чунин филмҳо мардуми Аврупову Амрикоро Ватандӯсту далер гардонидааст.
Вале дар «Шоҳнома»-и Фирдавсии мо даҳҳо чунин қиссаҳо ҳастанд, ки аз Троя беҳтару болотаранд. Қаҳрамониву фидокориҳо ва ҷонбозиҳои Рустам барои Эронзамин, шикастани Исфандиёр занҷирҳои дасту пои худро ба хотири Ватан, кушта шудани Лӯҳроспи пир барои ватан, ҳимояти Эрон аз душманон аз тарафи Баҳроми Чӯбина қиссаҳое ҳастанд, ки агар ба рӯи синамо биёянд, тарбияи ватандӯстиро дар амал мебинем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё