33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Наход, садҳо сол гузаштагони мо дар қабристонҳо оят хонда омадаанд, хато карда бошанд? Наход, имрўз мо, ки ҳар доим сари гўри падару бобоёнамон оят мехонем, ба гапи ин нимчамулло аз кароҳият тарсида, дигар тарки як кори савоб намоем? Наход, мо хато карда бошем? Дар гўристоне ин байтро дар катибае хондам:
Эй раҳгузарон, ояти Қуръон бихонед, Бо дасти дуо манзиле обод кунонед!
Шояд нависандаи ин сатрҳо низ хато кардааст? Ё хато дар гуфти ин ҷавони тафриқаандоз аст?
Ба китобҳои пешина ва қиссаҳои гузаштагон мувоҷеҳ шуда, дидем, ки дар сари қабр, мазорҳо на танҳо оят хондан мумкин будааст, балки гузаштагони мо қабристонҳоро ба як ҷойи тоату ибодат мубаддал гардонида будаанд.
Дар «Кашфулмаҳҷуб» - и Ҳуҷвирӣ, ки дар бораи каромоти авлиё ва бузургони олами ислом қисса мекунад, қиссаеро хондам. Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ (Р) (Ҳоло мазораш дар Роғун аст.-С.М.) шунид, ки шахсе дар гўристон чандин сол боз ба зикру тоат машғул аст, вале ба чизе ноил нашуда. Хоҷа ба назди ў омад ва гуфт: - Вуҷуди ту ҳиҷоби туст, ин ҳиҷоб бардор, то аз сирри Ў огаҳ шавӣ. Мо давоми қиссаро нақл накарда, диққати хонандаро ба чизи дигар равона мекунем. Агар дар гўристон дуо кардан макрўҳ бошад, дар он замони исломӣ чаро ин дўсти Худоро манъ накарданд? Ҳол он ки ин шахс на як бору ду бор ва на як ояту ду хонда, балки чандин сол дар қабристон ба зикру тоот машғул будааст. Воқеан, дар мазорҳои шахсони бузург чиллахонаҳо буданд, ки мусалмонон ва махсусан шайхону авлиё бо тоату ибодат қурбати Худо меҷустанд. Дар мазорҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шоҳ Неъматуллои Зарробӣ ва ғ. махсус ҷой барои хондани ду ракаат намози аҳли қубур буд ва ҳаст. Намози ҳавли гўр низ мехонданд, ки ҳар кадом намоз тариқаи махсуси хондан дошт ва дар «Чаҳоркитоб»
дар ин бора гуфта шудааст. Ё кадом ҳоҷӣ аз Мадина гузаштаасту дар сари қабри он ҳазрат (с) ду ракаат намоз нахондааст. Ҳоҷиён чун як рукни ҳаҷ дар Мадина дар сари қабри ҳазрати Муҳаммад (с) ду ракаат намоз мегузоранд ва касе инро макрўҳ нагуфтааст. Пас ин ҷавонони ба истилоҳ салафӣ аз куҷо гап мезананд ва такя ба кадом аснод доранд, мо намедонем.
Дар «Дурратулвоизин» низ қиссае ҳаст, ки шайхи соҳибҳоле дар гўристон гузар кард ва бозори арвоҳро дид. Пурсид, ки чӣ воқеаест?
Гуфтанд: - шахсе аз ин ҷо гузашт ва як бор сураи Фотиҳаро бихонд ва ба арвоҳи гузаштагони ин қабристон бахшид. Ҳафт рўз аст, ки фариштагон савоби ин сураро байни мурдагон тақсим мекунанд, тамом намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё