Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Акнун нусхаи он нақшаи душманонро дар калимаи салафу салафӣ мебинем. Салаф низ маънии гузаштагонро дорад, ки соҳибэҳтиром аст. Калимаи муқобилмаънои он халаф аст, яъне ояндагон. Мисраи Ҳофиз: «Нохалаф бошам, агар ман ба ҷаве нафрўшам» танҳо баъди дарки маънии ин ду истилоҳ фаҳмида мешавад. Маънии «нохалаф бошам» яъне аз ояндагон набошам гуфтан аст. Яъне ман низ кори падарам (гузаштаро) давом медиҳам. Аз ин нуқтаи назар мо агар кори падаронамонро давом диҳем, халафиёнем, дар пайравӣ бар аҳли салаф. Ва ҳама бузургони гузашттаву имрўза эҳтиром гузоштаанд бар гузаштагони худ. Пас ҳар шахс метавонад худро пайрави аҳли салаф гўяд аз рўи эҳтиром бар гузаштаи худ ва наметавонад худро салафӣ гўяд, чун салафиён ҳама гузаштагонанд. Ва касе гузаштаи худро инкор мекунад, нохалаф маҳсуб мешавад.
Эътиқоди салафиёни имрўза мабни бар фундаментализм ё исломи аввал аст. Онҳо аҳли салаф гуфта, танҳо шахсони аввали олами исломро дар назар доранд ва худро пайрави онон меҳисобанд. Чун дар кору рафтори эшон дақиқ назар кунем, мебинем, ки калимаи зебои салаф барои ишон танҳо рўпўши муҳофизе беш нест. Вагарна дар чанд ҷои Қуръон таъкид мешавад, ки дуо кунед, аз ҷумла « Дуо кунед, ман дуои шуморо қабул мекунам». Аммо ин нохалафон (на салафиён!) бар муқобили ояти боло дуо накарда, бо як ғуруру тантана ва намоишкорона тарки намозҷо мекунанд, то ки ба асаби дигарон бирасанд ва ихтилофе эҷод кунанд. Айнан ҳамон нақшаи солҳои 1992.
Дар асоси Қуръон ва аҳодису суннат нишон додани камбудии рафтори ба ном салафиёни имрўза фош намудани хоҷагони эшон аст. Аз ин рў уламои мўҳтарами моро зарур аст, ки ҳама гуна рафтори навоваронаи онҳоро дар асоси оят ва ҳадис танқид ва фош созанд, то ҷавонони навомўхти ноогаҳ ба доми онҳо гирифтор нашаванд.

Тамкини миллӣ ба мо сахт лозим аст!
Чӣ бояд кард. Наход боз ба доми душманони хориҷӣ афтем, боз бозичаи дасти гурўҳе шавем? Кўр як бор дар чоҳ меафтад. Дар як оила ду нафар ду тарз намоз мехонанд, ду тарз андеша мекунанд, душмани якдигаранд, чӣ расад ба ду нафар аз ду қишлоқ. Ин аст ибтидои маҳалгароиву душмансозии як миллат, ин аст нақшаи кўҳнаи душманони хориҷӣ. Чаро дар мамлакатҳои аврупоӣ чунин нақшаҳо ба кор намераванд? Чаро миллатҳои дигар бар ҳама гуна дасисаву фитнаҳо бо як тамкину таҳаммул назар меандозанду амал мекунанд, аз пашша фил намесозанд?
Дар Украина айнан вазъияти Тоҷикистон буд. Вале онҳо якдигарро накуштанд. Чаро мо таҳаммули шунидани фикри муқобилро надорем ва бояд ҳатман хеста ба рўи якдигар фарорем.

пешина
аз 161
навбатӣ