Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Яъне, аз ин пас «манаҳи худаму риши худам, кори шумо чӣ гуфтан» асос надорад, зеро риш симои ҷамъият аст, чун симои ҷамъият аст, пас давлат ба он ҳатман кор дорад!
Одамиро не ба нутқу не ба ришу не ба ҷон, Тўтӣ ҳам нутқу бузам ришу харам ҷон дорад.
Гуфтааст Саъдии бузургтар аз Петр. Яъне ақлу хирад чун гавҳарии олии инсонӣ баршумурда шудааст дар ин 2 мисраъ шеър.
Инсон чун олитарин ва шарифтарини махлуқот маҳз ба хотири ақлу хирад шинохта шудааст, на ба хотири риши ў, нутқи ў ва ҷон дар тани ў.
Анвоъи риш
Имрўзҳо ришҳои гуногун зери манаҳ меоянд: тахтариш чун Маркс, муштриш чун Калинин, ангуштриш, памазокриш, дарозриш, кўтоҳриш, пастриш, кўсариш, тунукриш, тор-торриш, туркманриш.
Ҳатто кокулришон чун фиръавнҳои Миср низ пайдо шудаанд. Ҳамаи ин ришҳо дар муқобили як гурўҳ қарор доранд, дар муқобили беришон ё аниқтараш риштарошидаҳо. Дар ин миён мўйлабҳои гуногун дар болои риш зам мешаванд. Воқеан ҳам замони ахир риши бе мўйлаб ҳам баромадааст, ки на ба салафия тааллуқ дораду на ба таҳририя ва шояд ба таъбири Хайрандеш мутааллиқ ба …алафия бошад… Вале ин ришҳоро як вежагӣ ба ҳам иттифоқ мекунад: ифлосӣ ва шонанадидагӣ!!!
Кадом навъи риш суннат аст?
Вале чун ҷумла ришпарастон 1 далел доранду ришро суннат хондаву бо ҳамон ришҳои ифлоси худро «сафед» мекунанд, лозим донистем, ки сари он ҳадиси табаррук таваққуф кунем.
Ҳадиси паёмбар (с) аст: «Субҳона ман зайяна фарриҷола билиҳияти ва нисоа биззавоиби», яъне «Пок аст Худое, ки биёрост ва зиннат дод мардонро ба риш ва занонро ба гесу».
Диққати хонандаи нуктасанҷро ба вожаи «зайяна – ороста кард»
равона мекунем. Яъне, бузургтарин шахси башарият таъкид бар он дорад, ки риш бояд зеб диҳад ва ороста кунад мардро. Чун ба тамоми аҳкоми исломӣ аз қабили таҳорату намозу рўзаву закоту ҳоказо амиқ назар афканем, мебинем, ки ҳамагӣ бар тозагиву озодагӣ ва покиву нафосат поя доранд. Чун ғуслу таҳорат покизагии бадан, намозу рўза соф намудани рўҳу ботин, закот тозагии молу пул ва ғ.
Ислом аз нахуст бо тозагиву покиаш вориди зиндагии араб шуд.
Дар он биёбони беоби Ҳиҷоз, ки араби бадавӣ соле 1 маротиба шустушў менамуд, чӣ гуна аҳамият доштани аҳкоми исломӣ боризтар пеши рў меояд. Пас ба дурустии қавли расул асоси риш тозагиву озодагӣ ва зебу ороиш аст аз барои мард, ҳамон гуна ки гесуи дарозу зебо ороиш аст мар занро.

пешина
аз 161
навбатӣ