Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ЭСТ дар мақолаи «Бошқирдҳо» омадааст, ки дар адабиётҳои арабӣ ин қавм бо номи бошҷирд ёд шудааст. Ин шаҳодат медиҳад, ки шакли аввали калима бо гофи порсӣ будааст, чун аъроб г надоранд он бошҷирд шудааст. Агар он дар асл бошқирд мебуд, ҳеҷ ҳоҷат ба бошҷирд шуданаш намебуд. Зеро арабҳо қоф доранд ва онро бошҷирд намекарданд. Минбаъд гирд бо тақозои хат аввал кирд шуда, чун одат ҳамсадои к чун даҳҳо калимоти дигар ба қ мубаддал гаштааст.
Муқоиса кунед: куҳандиз – Қундуз, киштлох – қишлоқ, коғаз – қоғаз, кулух – қулух, капидан – қапидан.

Ҷадвали табдилёбии ҳарфҳои пасизабонӣ ба қ
Вожаҳои аслӣ Вожаҳои ҲарфҳоҲарфҳои
табдилшуда и афтида табдилшуда
капидан қапидан к -қ
овкапак овқапак к -қ
капакон қапқон а к -қ
қуртак қуртуқ к -қ, а-у
Кабад, Кубод Қубод а-у, к-қ
Куҳандиз Қундуз ҳ, а к -қ, и-у
кати қати к -қ
хушранг қашанг р х -қ, у-а
киштлох қишлоқ т к -қ, х-қ
коғаз қоғаз к-қ
Самарканд Самарқанд к-қ
Хубканд Қӯқанд б х-қ, к-қ

Яъне ҷузъи гирд ду давраро аз сар гузаронидааст. Аввал муарраб - ҷирд шуда, баъд туркӣ - қирд гаштааст. Ҳамин тариқ, бошқирдро шаҳри сарварон ё сари шаҳр маънидод кардан мумкин аст. Муқоиса кунед вожаҳои Дарбанд, Сарбанд ва Шаҳртузро. Бояд гуфт ки дар луғати машҳури М. Фасмер вожаи бошқирд шарҳ дода нашудааст.
6. Чебоксар. Чебок – кулоҳи мӯйинаи сегӯшадор (меховая шапка), ки ду гӯшааш барои аз хунукӣ муҳофизат кардани гӯшҳо бо бандакҳо ва гӯшаи сеюмаш аз паси гардан партофта мешуд (Дал). Ин қавм дар ҳайати Чувашияи Русия зиндагӣ карда, муғулитаборанд. Ҷузъи сар бошад, форсӣ буда, бетағйир мондааст.
7. Тоҷик Чандест, ки аз забони баъзе мутахассисон ва тадқиқотчиёни соҳаҳои гуногун мешунавем, ки гўё тоҷдор маънидод шудани вожаи тоҷик аз ҷиҳати илмӣ дақиқ набошад.

пешина
аз 161
навбатӣ