Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шакли аввалӣ мавҷудият доштани вожаҳои болоро мисолҳои зерин шаҳодат медиҳанд:
Ман акнун бибояд саворӣ кунам, Ба Ковус - бар рўз торӣ кунам.
Ба гўштӣ гирифтан ниҳоданд сар,
Гирифтанд ҳар ду дуволи камар.
(Фирдавсӣ)
Мар он хонаро доштандӣ, чунон,
Ки мар Маккаро тозиён ин замон.
(Дақиқӣ)
Асосе, ки дар осмону замист,
Ба андозае фикрати одамист.
(Низомӣ)
Устод Айнӣ онро кофи калимабанд меномад. Воқеан, аз рўи қонунияти овозии забон ва қонунияти калимасозӣ, ки агар вожа пасванд қабул кунад ё артикли -е гирад, шаклҳои нозеби тоҷиҳо ё тоҷие мегирад, дар ин байн ҳамсадое лозим мешавад, ки калимаро зеб диҳад ва онро аз парокандагӣ нигоҳ дорад. Аз ин рў мо онро ҳарфи зинат номидем.
Бояд гуфт, ки сохтмони аксари вожаҳои тоҷикӣ аз рўи қонунияти ҳиҷоҳои сода, яъне як садонок як ҳамсадо, як садонок як ҳамсадо сурат гирифтааст. Омадани ду ҳамсадо ё ду садонок пайи ҳам равонии забонро халалдор мекунад. Ин аст ки дар забони тоҷикӣ, назири забонҳои дигар, ҳиҷоҳое, ки аз ду зиёда ҳамсадо иборат бошанд (мисли ҳиҷои Маркс), мавҷуд нестанд. Ин қонуният ниҳоят дар забон роиҷ шуда, дар маҷмўъ забони ноби тоҷикиро ширину гуворотар гардонидааст.
Бояд гуфт, ки дувариантӣ будани пасвандҳо низ аз ҳамин ҷо сарчашма дорад. Чунончи, пасванди -ҳо ё -он бо гунаҳои -ён, -гон, - вонро гирем, дар ҳар пасванд пеш аз садоноки о ва баъди он ду ҳарфи зинат мавҷуд аст, ки ба равонию суфтагии забон сабаб шудаанд.
Мисол: оҳуҳо ё оҳувон, гесуҳо ё гесувон, зодаҳо, зодагон. Пасвандҳои - ӣ ва -гӣ бо гунаҳои -ин ва -гин низ ба ин қонунияти забон тобеъ мебошанд. Пасвандҳои -ин ва -гин ҳамсадои н-ро чун ҳарфи зинат дар худ ҷой додаанд, зеро ин ҳарф калимаро аз парокандагӣ нигоҳ доштааст. Мисол: (таоми) гўштӣ – гўштин, (бели) чўбӣ – чўбин, (ҷомаи) пахтагӣ – пахтагин, (кати) тахтагӣ - тахтагин ва ғ.
Ҳамин тариқ: тоҷ – реша, яъне кулоҳ, афсар, дайҳим, гарзан;
-ӣ – пасванд, йо –и нисбат, ки соҳибиятро мефаҳмонад, муқ: кўҳӣ – мансуб ба кўҳ, дарӣ (дарагӣ) мансуб ба дара, пас тоҷӣ – мансуб ба тоҷ ё ки соҳиби тоҷ, тоҷдор, подшоҳ;

  • к ва ҳарфи зинат, муқоиса: торӣ(к), тозӣ(к), остӣ(н), замӣ(н).
пешина
аз 161
навбатӣ