Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ду сарчашмаи асосии ҳуқуқи исломӣ фатво ва қиёс дар асоси ояту ҳадис пурра бо далелҳои ақлӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ мешаванд. «Маснавии маънавӣ», девони Ҳофиз ва ҳазорон асарҳои гузаштагон натиҷаи ҳамон ақли Худододанд.
Тараққиёти илму техникаи ҳозиразамон давоми мантиқии ҳамон ақлу тафаккури гузаштагон аст.
Нақл низ натиҷаи ақл аст
Он ҳама нақлу ривоятҳо, шарҳу тафсироте, ки дар атрофи китобҳои осмонӣ мавҷуданд, аз тарафи инсонҳои боақл навишта шудаанд ва ҳамаи онҳо равона шудаанд барои ояндагони боақл.
Имрўз бузургмарде бо номи Сайдалии Саид тафсири Қуръонро бо назм навиштааст, бо номи «Тафсири зарнигор». Худо биомурзад ўро , ки бас далерона чунин пурмасъулият кореро ба сомон расонида. Дар ҳама давру замон ақл чун маҳак ё ҷавҳари аслӣ ба инобат гирифта шудааст. Оё мо далели нақлӣ гуфта, ақлро сарфи назар мекунем? – На, далели нақлӣ худ натиҷаи ақл аст, хоҳ ақли кул бошад, хоҳ ақли ҷуз.
Ақли одам ҷузъе аз ақли кул аст. Яъне, дар ҳар амали ақли ҷуз ақли кул такягоҳ аст. Ин мисли он аст, ки падар ба фарзанд мегўяд, ки духтарам, хўрок паз. Дигар он тараф намегўяд, ки оташ гирон, ё равған ширин куну фалон кор кун ва дигар амалиёти хўрокпазиро таъкид намекунад, яъне ў боварӣ дорад, ки фарзандаш бо он ақлу фаросати Худодод боқиро иҷро хоҳад кард. Ё аз сураи Фотиҳа «ҳидоят кун моро ба роҳи рост, роҳи онҳое, ки неъматашон додӣ», муфассирин онро роҳи паёмбарон, содиқону шаҳидону некўкорон ва неъмати Қуръон тафсир кардаанд. Яъне, бо ақли худ онро шарҳ додаанд. Шояд муфассири дигаре онро неъмати инҷаҳонӣ тафсир кунад. Чаро ки тиҷорати ҳалолу ризқи покиза низ неъмати Худованд аст ва наметавон онро сарфи назар кард. Пас сарчашмаи далели нақлӣ ин ақлу хирад аст. Дур доштани дин аз ақл, дур доштани дин аз техникаву тараққиёти имрўза ба зарари мусалмон аст, ки натиҷаи онро дар Ироқу Афғонистон ва Фаластин дида истодаанд. Аз ин нуқтаи назар, бо боварӣ мегўем, ки дин ақл аст бо ҳама нақлу ривоятҳояш ва нақлро хонеду такя ба ақл фикрронӣ намоед!!!
«СССР»\8.01.09

Аз ҳукми кофар алҳазар!
Мункири ҳақ назди мулло кофир аст, Мункири худ назди ман кофиртар аст.
Муҳаммад Иқбол
Куфр чист ва кофар кист?
Азбаски солҳои ахир аз минбарҳои баланд дар ҳаққи шахсони алоҳида ва муайян ва ҳатто маъруф вожаи тарсбарангезандаи «кофир»

пешина
аз 161
навбатӣ