Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар сурате, ки бўи хуш хоҳ хатча дошта бошад хоҳ надошта бошад, заррае бўяш кам намегардад. Баръакс чунин фикркуниҳо дониши хонандаи имрўзаи моро ба дигар тараф бурда, аз дарки масъалаи асосӣ фаротар мекашад.
«Боргоҳи сухан»/ 7.01.2010
Ҷилави вожаҳои бегонаро кӣ мегирад?

Вожаҳои бегона чун заҳрпечак дар гандумзор вожаҳои худиро фурў мебаранд. Дар аввал гўё онҳо чун меҳмон соҳибэҳтироманд, вале оҳиста – оҳиста ин меҳмонони нохонда соҳибхонаро аз хонааш зада, комилан ҷои ўро соҳиб мешаванд. Бале, мо бояд воридшавии вожаҳои ба истилоҳ иқтибосиро, ки дар назар ноаён асрҳо боз вожаҳои аслиро берун намуда, хуҷаинӣ доранд, маҳз чунин мушаххас ба қалам диҳем.
То ки ин тоҷики фориғбол бо чашми ақл зарари онҳоро, на танҳо ҳис кунад, балки пешорў бубинад.
Аз калимоти арабӣ дигар ҷудоӣ нест Вожаҳои арабӣ 1400 сол боз ҳамроҳ бо дини мубини ислом ва Қуръон дар ҳаёти ҳаррўзаи мо ворид шудаанд. Дигар мо мактабу қаламу дафтару салому алайк ва ҳазорон калимоти дигари арабиро, ки дар хуну гўшту пусту имони мо реша давондаанд, бегона намедонем.
Ва ба ақидаи устод Айнӣ онҳоро тоҷикӣ кардан ҳоҷат надорад. Аммо он бояд чун сабақи таърих ҳушдоре бошад ба ҳар соҳибватан, ки зиёд ворид шудани вожаҳои аҷнабӣ забонро ба нестӣ мебарад. Забон, ки аз байн рафт, як пояи асосии давлат аз байн бурда мешавад.
Забон - чаро моддаи 2?
Барои ҳамин баъди муқаррар намудани сохти давлат (яъне моддаи 1) забон дар моддаи 2-юми Сарқонун омадааст, на дар моддаҳои даҳуму садум. Маҳз муҳим будани онро ба инобат гирифта, дар сарқонунҳои тамоми давлатҳо забон дар ҷои асосӣ гузошта шудааст.
Зеро номи давлат аз номи забон ва қавми он гузошта шудааст.
Бубинед: забони қирғизӣ – Қирғизистон, забони англисӣ – Англия ва мисли ҳамин забони тоҷикӣ – Тоҷикистон.
Забони великий рус
Дар 60-70 соли замони шўравӣ он қадар вожаҳои русӣ ба забони тоҷикӣ зада даромаданд, ки чунин суръатро дар 1400 соли пештар мушоҳида накарда будем. Бо баҳонаҳои гуногун бузургону нависандагони моро аз истифодаи вожаҳои аслӣ манъ мефармуданд.
Таънаву маломат мекарданд ва ҳатто душмани халқ низ мегуфтанд. Як эроди Бектош ба асарҳои устод Айнӣ ҳамин буд, ки Айнӣ қасдан вожаҳои русиро истифода намебарад. Таъсири ин эродҳо буданд, ки устод минбаъд ба ҷои инқилоб револютсия, ба ҷои ноҳия район, ба ҷои истеъдод талант ва мисли ҳамин калимаҳои русиро истифода бурдааст.

пешина
аз 161
навбатӣ