Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тоҷикӣ навишта шаванду инҳо то одат намудани мизоҷон дар қавс оварда шаванд, вожаҳои тоҷикии ҳалол мизу дастурхони моро зеб хоҳанд дод. Бовар кунед, ин вожаҳои аҷнабӣ, ки мо онҳоро ин қадар бологузар мекунем, он қадар маънои чуқуру олӣ (чуноне ки мо фикр мекунем) надоранд. Масалан мегўянд ҳамин хотдог маънии саги гармро дорад. Наход ҳамин шаурма ва гамбургери дағали хориҷӣ аз вожаҳои зебои тоҷикӣ дида авлотар бошанд? Инҳоро дар маркази пойтахт ҳар чи тезтар бояд тоҷикӣ намуд. Бовар кунед, агар дар навиштаҷоту номгузории ин ақвот (на авқот) тоҷикӣ риоя шавад, лафзи тоҷикӣ зиндаву ҷорӣ мегардад на лафзи ким-кадом истилогаре.
Пешниҳод доштам, ки Кумитаи забон ва истилоҳот дар якҷоягӣ бо телевизион барномаҳои мустақим ташкил кунанд ва вожаҳои алоҳидаро ба баҳс бигузоранд, барои тарҷумаи беҳтарини вожаҳо ва ёфтани калимаи хубу маънирас мукофотҳо эълон кунанд. Тавассути телефонҳо дар бозиҳои калимаёбак тамоми мардум иштирок кунанд.
Дар ин сурат мо беҳтарин луғатҳоро аз лаҳҷаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дастраси омма карда метавонем.
Дар ин росто такя намудан ба ҳамзабонони хеш - Эрону Афғонистон фақат ва фақат ба фоидаи забон аст. Бештарини вожаҳои хориҷӣ аллакай гунаи форсии дарии тоҷикии хешро ёфтаанд. Дар ин миқёси аз ҷиҳати ҷуғрофию аҳолӣ (глобалӣ) бузург вожаҳои аслӣ мавриди истифодаи зиёда аз сад миллион нафар форсизабонон гаштаанд, ки нодида гирифтани он ҳеҷ мумкин нест..
Дар замони шўравӣ чӣ қадар вожаҳо бо баҳонаи илму техника ба забон тарҷума нашуда, айнан дар шакли русиашон ворид шуданд. Он замонҳо тасаввурнопазир буд самолётро ҳавопаймо ё тайёра, вертолётро чархбол, поездро қатора, университетро донишгоҳ тарҷума кардан. Лекин мешудааст-ку! Ҳоло баъзеҳо ақида доранд, ки низоми таълимии вомдорӣ (кредитӣ) ва даҳҳо истилоҳоти ҳамроҳовардааш бояд тарҷума нашаванд, зеро стандарти байналмилалӣ вайрон мешавад. Агар чунин аст, пас вой бар ҳоли забон. Ва боз кӣ кафолат медиҳад, ки чӣ қадар вожаҳои хориҷӣ марзи забониро убур намекунанд?
Ҳазор сол пеш аз Рўдакӣ Доро мегуфт: Адам даряваш хшаяся хшаясянам (ман Доро шоҳ, шоҳи шоҳон – катибаи кўҳи Бесутун) ва Рўдакӣ онро мефаҳмид? – албатта, не. Ва Рўдакӣ мегуфт: Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ. Ҳазор сол баъди Рўдакӣ онро хонданду фаҳмиданд. Яъне то Рўдакӣ забон он қадар тағйир ёфту дигар шуд, ки он забони тамоман нофаҳмо ё мурда маҳсуб мешавад. Аммо дар муддати баъд аз ҳазор соли ў забон қариб, ки бетағйир мондааст. Ин ниҳоят хуб аст, ин бузургӣ ва тавонмандии забон аст баъд аз Рўдакӣ.
Акнун баъд аз мо чӣ мешавад, Худо медонад.

пешина
аз 161
навбатӣ