Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ин нуқтаи назар дар ибораи тафсилии нерӯгоҳи барқи обӣ ё нерӯгоҳи обии барқӣ нерӯгоҳ ҷузъи асосӣ аст, на нерӯгоҳи барқ. Масалан гап дар бораи рӯймол бошад, барои мақсади худ ибораи «духтари рӯймолдори зебои қоматбаланд»- ро ба ҷузъҳо ҷудо намуда, қисмати духтари рӯймолдорро ҷузъи асосӣ гӯем, фақат барои он ки гап дар бораи рӯймол меравад, ин иборасозӣ неву маънибозӣ мешавад, аз ин рӯ ҷузъи асосӣ ё муайяншаванда як калима боқӣ монад, беҳтар аст.
Забонро маҳдуд накунеем!
Ибораи «чойники барқӣ» ибораи дуруст аст, зеро онро барқ ба кор медарорад ва об меҷӯшад. Аммо нерӯгоҳӣ обиро об ба кор медарорад. Агар нерӯгоҳи барқӣ гӯем, чунин ба назар мерасад, ки аввал муҳаррике (движок) онро ба кор медарорад ва ҳамин тавр тавассути ин муҳаррик нерӯгоҳ нерӯ мегирад. Зимнан чунин нерӯгоҳҳо ҳастанд ва шакли нерӯгоҳи барқӣ низ дар ифодаи маънои боло беғалат аст, вале маънои нерӯгоҳи обиро дода наметавонад. Аз ин рӯ баъди вожаи нерӯгоҳ омадани муайянкунандаи обӣ маъноро комил мегардонад. Худи вожаи нерӯгоҳ дар худ барқро гунҷондааст ва дар ин ибора зикри вожаи барқ он қадар зарур нест ва агар зарур бошад, дар охир баъди вожаи обӣ биояд, ҳеҷ зараре ба маънӣ намерасад. Ва низ орӣ аз ҳама калкаҳо (тарҷумаҳои маҷбурӣ) тоҷикона бигӯем, ки нерӯгоҳи Норак ва нерӯгоҳи Роғун ё Сангтӯда бе зикри обу барқ ҳамон маънии ГЭС фаҳмида мешавад. Фақат забонро маҳдуд накунеем.
Барқ ё барқӣ?
Баъзеҳо ақида доранд, ки ибораи нерӯгоҳи барқӣ ғалат аст ва онро бояд нерӯгоҳи барқ гуфт. Ин ақида низ маҳдудсозии забон аст.
Аз пасванди -ӣ тарсидан даркор нест. Пасванди -ӣ сервазифа аст, онро танҳо ба маънии аз чӣ сохта шудан фаҳмидан маҳдудсозии ин пасванд аст. Масалан, дар ибораҳои бели чӯбӣ ё дари оҳанӣ пасванди -ӣ аз чӣ сохта шудани бел ва дарро фаҳмонад, дар ибораҳои мизи корӣ (аз барои кор), меҳри бародарӣ (мисли бародар), давраи кӯдакӣ (мансуб ба замон) ва соати дастӣ ё деворӣ (мансуб ба макон) маъниҳои гуногунро дар ибора ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ баъди барқ пасванди –ӣ гузоштан танҳо маънои аз барқ сохта шуданро намедиҳад, он мефаҳмонад, ки дар ин ҷо барқ нисбият дорад.

пешина
аз 161
навбатӣ