Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кифоя буд, ки аз хамгашти роҳ чароғҳои хурду калони кӯшалокомотивҳо намоён шуданд ва прожекторҳои пуриқтидор дашти ором хобидаро рӯз барин равшан карданд ва хушкӣ ва холигии ӯро бераҳмона намоиш доданд ва рӯбоҳ парвонаи болсӯхта барин худро беқаророна ба ҳар тараф меандохту муаллакзанон мегурехт.
Қатор башаст медавид. Фазо аз ғубор ва дуди талх пур шуд, буди тунде бархост.

Рӯбоҳ шитобон худро ба каноре андохт. Вай дам ба дам ба пасаш менигарист ва аз тарс баъзан ба замин парӯ мешуд. Махлуқи чашмонаш оташин муддати дарозе ғумбуросзанон мегузашт. Рӯбоҳ аз ҷои афтодааш чаҳида бармехосту боз роҳи гурезро пеш мегирифт...

Баъдтар ӯ нафасашро рост намуд, боз ба худ аҳд кард, ки ба роҳи оҳан баргардад ва чизе ёфта, азоби гуруснагиро рафъ намояд. Лекин дар сари роҳ боз чароғҳои фурӯзон пайдо шуданд, боз кӯшалокомотиве қатори пурбор ва тӯлониеро кашола карда наздик меомад.

Он гоҳ рӯбоҳ қарор дод, ки даштро миёнбур карда, ба қитъаи дигари роҳи оҳан барояд, ба чунон ҷое барояд, ки аз он маҳал қаторҳо нагузаранд...

Қаторҳо дар ин ноҳия аз шарқ ба ғарб мегузаштанду аз ғарб ба шарқ...

Аз ду самти роҳ дар ин ноҳия Сари Озек, ба қавли мардуми маҳал, Мардумаки зарди биёбон, яъне Миёнадаштҳои малларынги нопайдоканор тӯл мекашиданд.

Дар ин ноҳия ҳама гуна масофаҳоро дар қиёси дур ё наздик будани роҳи оҳан чен мекарданд, чунон ки дар дигар ҷоҳо дар қиёси хати Гринвич чен мекунанд...

Оре, қаторҳо аз шарқ ба ғарб мерафтанду аз ғарб ба шарқ.

Нимишаб касе ба сӯи кулбаи дидбонии ӯ медавид.
Дергоҳе ва бо субот медавид. Аввал рӯй-рӯи шпалаҳо қадам мезад, баъди он ки аз муқобил қатор намоён шуд, аз пушти роҳ ба паҳлӯ фаромад ва чунон ки дар ҳавои бӯронӣ мекунанд, сару рӯяшро аз боду чангу ғубори аз зери чархҳои қатори боркаш бархоста бо дастонаш паноҳ карда, ба роҳи пуразобаш идома медод. Қатори боркаше ки он нимишаб дар ҳеҷ ҷои наистода, бидуни таваққуф мегузашт, қатори хосае буд, ки онсӯтар ба роҳи дигаре даромада, ба минтақаи мамнӯи Сари Озеки 1 мерафт, хулласи калом, ба космодром мерафт, ки роҳи оҳани

пешина
аз 293
навбатӣ