Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Хулласи калом, Абӯтолиб Қутлибоев пас аз ду моҳ тӯл кашидани санҷишҳо, пурсишҳо ва рӯбарӯкуниҳои чандинқарата, баъди интизориҳои пур аз умеду навмедиҳо ба Қазоқистони худ баргашт. Ӯро аз ҳаққу ҳуқуқ маҳрум накарда буданд, лекин имтиёзотеро ки аскарони аз фронт омада доштанд, ӯ надошт. Аммо Абӯтолиб Қутлибоев инро ба дил нагирифт. Пеш аз ҷанг муаллими география буд, боз ба сари ҳамон кораш баргашт. Дар мактаби марказии яке аз районҳо муаллимаи ҷавони синфҳои ибтидоӣ Зарифаро дид. Беҳуда ин оламро олами ҳаводис нагуфтаанд. Дар зиндагонӣ аҳён-аҳён бошад ҳам, ин гуна мулоқотҳои муродбахш рӯӣ медаҳанд.

Солҳои аввали баъди Ғалаба низ паи ҳам мегузаштанд. Пас аз иду суру тантанаҳои пирӯзӣ дар осмони олам нахустин заррачаҳои барфи «ҷанги сард», ҷанги беяроқ ба парвоз омаданд. Сонитар сармо қувват гирифт. Дар қисматҳои мухталифи олам, дар нуктаҳои гуногуни дардманди ҷаҳон муҳаррики шиддатофарини афкору ақоиди рангоранги давраи баъди ҷанг ба кор даромад...

Ҳамин гуна муҳаррик дар яке аз дарсҳои география банохост ба ҷунбиш омад. Аммо ин ҳодиса дер ё зуд, дар ин ҷо ё ҷои дигар ва ба ин тариқа ё ба тарзи дигар ҳатман мебоист ба вуқӯъ мепайваст. Агар ба сари Абӯтолиб намеомад, ба сари каси дигари ба вай монанде меомад.

Абӯтолиб Қутлибоев ба талабаҳои синфи ҳаштум аз қитъаи Аврупо нақл мекард. Дар зимни сухан гуфт, ки рӯзе онҳоро аз лагери консентратсионӣ ба Баварияи Ҷанубӣ бароварда, ба кори санг оварданд ва онҳо ба посбонон ҳамла карда ва аслиҳаи онҳоро гирифта, ба назди партизанҳои Югославия гурехтанд. Нақл кард, ки дар замони ҷанг нисфи Аврупоро пои пиёда тай намуда, ба соҳилҳои баҳри Адриатика ва Баҳри Миёназамин расидааст, табиати он ҷойҳо, зисту зиндагонии мардуми онро хуб медонад, ки ҳамаи инро дар китоби дарсии гунҷоиш додан аз имкон берун аст. Муаллим нақл мекарду мепиндошт, ки таассуроти шоҳиди зинда ба хотирнишин шудани дарс кӯмак мекунад.

Муаллим сухан мегуфту хатчӯби ӯ рӯ-рӯи харитаи сабзу кабуду қаҳваранги географияи Аврупо, ки бар тахтаи синф овезон буд, сайр мекард. Нӯки хатчӯб ба кӯҳу даман ва кӯлу дарёҳо ишорат менамуд ва дам ба

пешина
аз 293
навбатӣ