Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Абутолиб Қутлибоевро лозим омад, ки ҳамроҳи Зарифа ва писараки калоннашон Даул ба ноҳияи дигар, дуртар аз маркази вилоят бикӯчад. Дар мактаби овул ба кор даромаданд. Манзиле пайдо шуд, каму беш одат карданд. Зарифа, ки муаллимаи ҷавони болаёқате буд, мудири қисми илмӣ таъин шуд. Ва инак, воқеаҳои соли чилу ҳаштум фаро расиданд, ки бо Югославия алоқаманд буданд. Ба Абутолиб Қутлибоев акнун на фақат ҳамчун ба собиқ асири ҳарбӣ, балки боз чун ба шахси шубҳаноке нигоҳ мекарданд, ки муддати мадиде дар хориҷа будааст. Ҳарчанд ӯ собит мекард, ки ҳамроҳи рафиқони югославиаш фақат бо партизанӣ машғул буд, касе гапашро ба инобат намегирифт. Ҳама тақи дили ӯро мефаҳмиданд, ҳатто изҳори ҳамдардӣ мекарданд, аммо касе ҷуръат надошт, ки дар ин масъала лоақал то андозае масъулиятро ба зиммаи худ бигирад. Боз ба шӯъбаи ноҳиявии маорифи халқ даъват карданд ва қиссаи аризанависӣ барои аз кор озод шудан бо хоҳиши худ айнан такрор шуд...

Оилаи Абутолиб Қутлибоев боз чанд маротибаи дигар аз ҷое ба ҷое кӯчида, дар охири соли панҷоҳу якум, дар аллӣ мобайни фасли зимистон ба дашти Сари Озек, ба дуроҳаи Бӯронӣ афтод.

Тобистони соли панҷоҳу дуввум аз ҳад афзун гарм омад. Замин хушкид ва чунон тасфид, ки сусморҳои Сари Озек ба куҷо сар халониданашонро надониста ва ҳатто аз одамон наҳаросида, ба ҳалқумҳои башиддат ларзону даҳонҳои калон кушода ба сари остонаҳо меомаданд, то аз шуои сӯзони офтоб сарпаноҳе ёбанд. Лошахӯрон бошанд, дар ҷустуҷӯи ҳавои серун дар фазоҳои чунон баланде парвоз мекарданд, ки кас ба чашми оддӣ бингарад, дида наметавонист. Фақат аҳён-аҳён фарёди тунд ва шадидашон ба гӯш мерасиду баъд боз муддати мадид дар оғӯши пурмавҷи сароб хомӯш шуда мерафтанд.

Вале аз кор, аз хизмат оё ҷои гурез ҳаст? Қаторҳо аз шарқ ба ғарб мерафтанд ва аз ғарб ба шарқ. Қаторҳои бешуморе ба дуроҳаи Бӯронӣ расида, аз ҳам ҷудо мешуданд ва ба сафари худ идома медоданд. Ба ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи бузурги давлатӣ ҳеҷ гуна гармо осоре надошт.

Ва кор бо мароми одатиаш давом мекард. Акнун

пешина
аз 293
навбатӣ