Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

То қабристони Она-Байт боз ду соата роҳ монда буд. Силсилаи ҷанозабарон дар дашти Сари Озек бо ҳамон маром пеш мерафт. Дар пеш Едиген Бӯрони уштурсавор буду роҳ нишон медод. Қаранори ӯ ҳамчунон бо қадамҳои калон-калон башаст роҳ мепаймуд. Аз дунболи вай трактори аробачадор меомад, ки дар болояш дар паҳлӯи ҷасади марҳум Қазонқоп домодаш, шавҳари Ойзода, танҳо ва маҳзун менишаст. Аз паси он экскаватори «Беларусь» меомад. Аз паҳлуи онон саги синафароҳу сурхмӯй Ҷолбарс ҳамчунон бо ҳавсила ва эътимоди тамоми медавид, вале гоҳ-гоҳе ё чанд қадам пештар мегузашт ё ягон кори ниҳоят муҳимаш мебаромаду саҳле қафо мемонд.

Офтоб торафт баландтар мебаромад ва тафташ меафзуд. Қисми зиёди роҳ тай шуд, вале дашти бузурги Сари Озек аз паси ҳар пушта ба назари кас боз заминҳои нав ба нави дастнорасидаеро ҷилвагар месохт, ки то ба хатти уфук доман паҳн карда буданд. Воқеан дашти фарохи нопайдоканоре буд Сари Озек. Як замонҳо дар ин ҷойҳо жуань-жуанҳои маломатзада мезистанд, ҳамон аҷнабиёне, ки қариб сар то сари дашти Сари Озекро ба муддатҳои тӯлонӣ забт карда буданд. Дар ин ноҳияҳо қавмҳои дигари бодиянишин низ мезистанд ва дар байни онон барои чарогоҳ ва чоҳҳои об ҷангу ҷидолҳои доимӣ барпо мешуданд. Гоҳ яке дастболо мешуд, гоҳ дигаре. Аммо чӣ ғолибон ва чӣ мағлубон боз дар ҳамин ҷо мемонданд, фақат мулки яке васеътар мегардиду азони дигаре тангтар. Елизаров мегуфт, ки дашти Сари Озек мавзеи ободе ва аз ҳамин сабаб ҳадафи талошҳо буд. Он вақтҳо дар ин ҷо ҳам дар фасли баҳор, ҳам дар мавсими тирамоҳ борони зиёде меборид. Галаву рамаҳои бисёре аз алаф сер мешуданд. Тоҷирон равуо доштанд, бозорҳо барпо мешуданд. Баъдтар, мегӯяд Елизаров, иқлим якбора дигар шуд, боронгарӣ тамом шуд, чоҳҳо хушк шуданд, алаф дигар наруид. Қавмҳо ва халқҳое, ки ба Сари Озек омада буданд, ҳар кадом ба сӯе бирафтанд, жуаньжуанҳо бошанд, тамом беному нишон ғайб заданд. Онҳо ба сӯи Адил бирафтанд — он вақтҳо дарёи Волгаро ҳамин тавр меномиданд — ва дар канораҳои Адил гумном гардиданд. Касе намедонист, ки онҳо аслан аз куҷо омаданд ва касе ҳам пай набурд, ки ба куҷо бирафтанд. Нақл мекарданд, ки онҳоро балои ногаҳонӣ ба комаш кашидааст, — даме ки издиҳомашон рӯзи зимистон

пешина
аз 293
навбатӣ