Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

посбон мегузоштаанд, то ҳамқабилагони асирон барои озод карданашон наоянд. Лекин ин гуна кӯшишҳо аҳён-аҳён воқеъ мегардидаанд, зеро дар дашти кушод ҷунбуҷӯли одамон ҳеҷгоҳ аз назар пинҳон намемонанд. Ва агар фаразан овозае паҳн шавад, ки фалониро жуань-жуанҳо дошта, манқурт кардаанд, ҳатто наздикторин одамони ӯ кӯшише ба кор намебурданд, то ӯро озод намоянд ё ба ивази пулу мол харида бигиранд, чунки манқуртро бозовардан баробари он буд, ки хӯсаашро оварда бошанд. Ва фақат як нафар модари найман, ҳамон зане ки дар ривоятҳо Найман-Она ном дорад, ба тақдири талхи писараш созиш накард. Достони Сари Озек ҳам аз ин боб ҳикоят мекунад. Номи қабристон — Она-Байт, яъне Оромгоҳи Модар низ аз ҳамон достон баромадааст.

Асирони ба саҳро, ба зери офтоб андохташуда аксаран азоби беҳад кашида ҷон медоданд. Аз панҷ-шаш манқурт фақат як ё дутоаш зинда мемонд. Онҳо на аз гуруснагӣ, ҳатто на аз ташнагӣ ҳалок мешуданд, балки аз шиддати дарду ранҷи тоқатфарсои ғайриинсонӣ ҷон медоданд. Манбаи азоб пӯсти хоми уштур буд, ки ба сари асирон кашидаанд ва он ҳар лаҳза хушк мешуд. Ширӣ зери шуоҳои тафсони офтоб тадриҷан хушк ва фушурда шуда, сари бемӯи асирро ба мисли чамбари оҳанӣ таззиқ медод. Рӯзи дуввум мӯи сари тарошидаи бечораҳо аз нав ба сабзидан шурӯъ мекард. Мӯйҳои сахт ва сихвор рости мардуми осиёӣ зарра-зарра сабзида, ба пӯсти хоми сарпӯш мехалиданд, ё аксаран баъди расидан дигар ҷои ёзиш наёфта, нӯкашон қат мешуд ва баргашта ба пӯсти сари соҳибашон мехалиданд ва азоби аз ҳад афзунаш медоданд. Аз шиддати шиканҷа ҷавонмардон аз ақл бегона мешуданд. Фақат рӯзи панҷум жуань-жуанҳо омада хабар мегирифтанд, ки оё касе зинда мондааст? Агар аз бечораҳо лоақал якеро зинда дарёбанд, хурсанд мешуданд, ки ба мурод расидаанд. Ӯро об медоданд, аз кундаву ишкел озод мекарданд ва бо мурури замон бар по росташ менамуданд. Зеро вай акнун манқурт — ғуломе ҳисоб меёфт, ки ба зӯрӣ аз хотирааш маҳрум кардаанд ва аз ин ҷиҳат баҳояш баланд аст, баробари даҳ асири саломату тавоно арзиш дорад. Ҳатто дастуре вуҷуд дошт, ки дар ҷанги байни қабилаҳо манкурте кушта шавад, ба ивазаш ба андозаи товон пардохта мешуд, ки аз қимати ҷони ҳамқабилан озод се маротиба гаронтар буд.

пешина
аз 293
навбатӣ