Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

шоду хуррам аст, вале воқеан мегирист ва барои он ки аз гиряяш пай набаранд, бо овози баланд механдид ва нидоҳо мебаровард. Абӯтолиб ба ташвиш афтида, аз бозӯи ӯ дошт ва гуфт:
— Чӣ шуд? Ягон ҷоят дард мекунад? Биё, рафтем ба хона.
— Не, не,— ҷавоб дод Зарифа.— Ҳамту. Ҳиққакам гирифт.
Ва онҳо аз неъмати борони тасодуфӣ ҳар чӣ бештар баҳра бурданӣ шуда, ба бозӣ довондани бачаҳо давом доданд. Дили Едигей сахт фишор хӯрд. «Барои ин одамон, — гуфт ӯ дар дилаш, — пеши назар овардани зиндагонии дигар чӣ гуна бояд амри азиятоваре бошад! Ҳамон зиндагоние ки маҳрумашон кардаанд; ҳамон рӯзгоре, ки он ҷо боридани борон воқеаи оддист, он ҷо одамон дар обҳои тозаву шаффоф шиноварӣ ва бозиҳо мекунанд, он ҷо шароит дигар аст, дилхушиҳои дигар ҳаст, бачаҳо низ ба дигар тариқат рӯз ба сар мебаранд...» Ва барои он ки ба дили Абӯтолибу Зарифа ягон гап наояд, Едигей ҳам шодиву фараҳи ононро тақвият додан гирифт, алалхусус ки зану шавҳари ҷавон ҳамаи ин дилхушиҳоро фақат ба хотири бачаҳо бофта ва сохта мебароварданд...

Ҳам бачаҳо, ҳам калонсолон аз даводаву бозиҳо сер шуданд, аммо борон ҳамчунон меборид. Он гоҳ ҳама ба хонаҳои худ пароканда шуданд. Едигей дӯш ба дӯши ҳамдигар тозон рафтани Қутлибоевҳоро муддате бо ҳусни назар тамошо карда истод. Ҳамаашон сар то по тар шудаанд. Он рӯз рӯзи хушбахтиашон буд, ки дар биёбони Сари Озек насибашон гардид.

Едигей духтарчаи хурдиро ба бағал гирифта ва калониашро аз даст дошта, дар остонаи хона пайдо шуд. Укубала афту андоми онҳоро дида, аз ҳайрат каф ба каф зад:
— Вой ман мурам! Ба шумоҳо чӣ шуд?
— Натарс, оча, — ӯро таскин дод Едигей ва хандакунон илова намуд: — Атан маст шавад, бо тайлоқҳояш бозӣ мекунад 1.
— Ҳа, ҳа, дида истодаам, айнан уштури маст, — таънаомез хандид Укубала.— Хайр, рост-рост наистед, мурғи ба об афтодаворӣ шудаед, либосҳотона кашед.

Борон бозистод, аммо дар канораҳои биёбони Сари

1 Атай — уштури нар. Тайлоқ — уштурбача (муаллиф).

пешина
аз 293
навбатӣ