Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
медиҳамат. Бовар намекунам, мегӯй? Бовар кун, ошно, туро барои хӯроки гирифтанӣ нестам-ку. Хонааш пури хӯрок, пур-пури ҳар хел моҳиҳо. Мана дар таҳи заврак ҳам сета моҳии калон хобидааст. Барои хӯрок лозим мебудӣ, ҳамин қадар вақт нигаронат мешудам? Медонӣ, моҳии заррин, мо нахустин фарзандро чашмдорем. Ба қарибӣ занам туро дар хобаш дидааст. Аз ҳамон рӯз инҷониб бетоқат. Ба ман нагӯяд ҳам, аз аҳволаш маълум. Сабабашро ба ту нағз фаҳмонида наметавонам, лекин туро дидани ӯ, чанд лаҳза дар даст дошта истоданаш бисёр-бисёр зарур будааст. Ман қавл медиҳам, ки сонияш даррав туро ба баҳр сар медиҳам. Эҳтимол, сабаб он бошад, ки ту моҳии нодири беамсол ҳастӣ. Сари ту тиллогун аст, думат тиллогун, болҳоят, сутунмӯҳраи пуштат ҳам тулогун. Ту вазъияти моро як андеша карда бин. Занам хоҳад, ки дар бедориаш туро як назар бибинад, ба дастонаш палмосида бибинад, ки пайкари ту, моҳии заррин, чӣ гуна аст. Гумон накун, ки ту моҳӣ ҳастӣ ва ба рӯзгори мо дахле надорӣ. Моҳӣ бошӣ ҳам, зани ман туро мисли хоҳар ё додаракаш пазмон шудааст, орзу дорад, ки пеш аз таваллуд шудани кӯдак туро бибинад. Тифл ҳам дар батнаш ором мегирад. Гап ана ҳамин хел. Кӯмак кун, дӯстам моҳии заррин. Биё, натарс. Қавл додам, ки озор намедиҳам. Ғарази бад медоштам, худат кайҳо пай мебуррдӣ. Ба чангак як порча гӯшт гузаронидаам. Дуто чангак партофтаам, худат яктоашро хоста бигир. Гӯшт саҳле бӯй овардааст, ман ин корро дониста кардам, то ки ту бӯи онро аз дур бишнавӣ. Биё, ба дилат гумони бадро роҳ падеҳ. Агар ба ҷои чангак моҳичаи сап-сафеди фулузиро мепартофтаам, кайҳо мевидӣ, аммо ин кор аз рӯи виҷдон намешуд. Охир ту моҳичаро дарҳол фурӯ мебурдӣ. Сонӣ, баъди он ки туро ба баҳр сар додам, моҳичаи фулузӣ дар шикам чӣ хел зиндагӣ мекардӣ? Фиребгарӣ мешуд аз тарафи ман. Ман бошам аз дили соф барои ту чангак партофтаам. Лабат андак захмин мешаваду бас. Ғам нахӯр, якто машки калон овардаам. Онро аз об пур мекунам, ту баҳузур дар дарунаш мехобӣ, сони боз шинокунон меравӣ. Лекин то ту наоӣ, ман аз ин ҷо нахоҳам рафт. Фурсат мегузарад, ошно, Намебинӣ, мавҷҳо хурӯшон-тар мешаванд, бод шиддат мегирад? Ӯ мехоҳӣ, ки нахустин фарзанди ман ятимчаи бепадар бошад? Ба ман мадад кун, дӯстам...»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо