Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Як ё ду кас? Чаро вай доимо дар ҳамин ҷо зиндагонӣ мекунаду ягон маротиба аз ин пеш лаҳзаи парвозро надодааст? Охир, ба кайҳон чанд бор париданд, шумори, ҳисобашро гум мекунӣ. Шояд, он дафъаҳо киштиҳо рӯзона мепариданд? Офтоб бошад, дар ин қадар масофа, албатта, ҳеҷ чизро дида наметавонӣ. Хайр, ин тавр бошад, чаро инаш шабона парида рафт? Пас, шитоб карданаш лозим будааст, ё муҳлаташ ҳамин лаҳза будааст? Ё эҳтимол, ки вай шабона аз замин парвоз мекунаду ба осмон мебарояд, ки он ҷо рӯз аст? Боре Собитҷон нақл карда буд (вай бо оҳанге нақл мекард, ки гӯё худаш ҳам ба он ҷо рафта омадааст), ки дар кайҳон дар ҳар ним соат шаб рӯз мешудаасту рӯз шаб. Аз Собитҷон пурсидан даркор. Собитҷон аз ҳама гап бохабар. Бисёр мехоҳад, ки одами ҳамадон, машҳуру мӯътабар бошад. Дар маркази вилоят кор мекунад, ин ҳазл-пазл не. Хайр, бо вуҷуди он обрӯталошӣ намекард, беҳтар мешуд. Чӣ лозим? Ҳар кӣ ҳастӣ, ҳамон бош. «Бо фалон калоншаванда ба фалон ҷо рафтам, ба фалони фалону фалон гуфтам». Одилбои Дароз нақл карда буд, ки як маротиба ба идораи вай даромадааст. Кору бори Собитҷони мо, мегӯяд, фақат даводав аз сари телефон то ба дари қабулгоҳ ва аз дари қабулгоҳ то сари телефон. «Итоат, Алҷабор Қаҳрамонович!» Ба ҷону дил, Алҷабор Қаҳрамонович! Хӯш, хӯш, хӯш Алҷабор Қаҳрамонович!» Гапаш фақат ҳамин. Сардораш бошад, аз кабинеташ намечунбаду гоҳ ин тугмаро пахш мекунад, гоҳ ваяшро. Фурсат нашуд, ки як даҳан гапама гуфта гирам... Ана ҳамин хел коргар будааст ҳамдиёри бӯрони мо, мегӯяд. Хайр, майлаш, ҳаволаш ба Худо, буду шудаш ҳамин бошад, чӣ илоҷ... Фақат ба Қазонқоп дили кас месӯзад. Барои писараш бисёр ғусса мехӯрд. То дами вопасинмаш дар хусуси вай як калима гапи сахт нагуфт. Ҳамроҳи писараму келинам зиндагонӣ мекунам, гуфта, кӯчашро бардошта ба шаҳр рафт, худашон омада илтимос карданд, худашон кӯчонида бурданд, аммо оқибат чӣ шуд?.. Хайр ин тарафаша ҳоло монда истем...

Едигей он нимишабӣ машғули ҳамин хел андешаҳо ба сӯи хона роҳ мепаймуд. Вай мушаки кайҳониро то тамом ноаён шуда рафтанаш назорат мекард. Дуру дароз назорат мекард ин мӯъҷизаро. Вақте ки сафинаи оташин торафт фишурда ва ғунча шуда, охир ба як нуқтаи хираи сафедтобе мубаддал гашт ва дар қаъри зулмот

пешина
аз 293
навбатӣ