Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дашт ҳавои бӯҳорсон ғуборолуди сармогине барқарор шуд. Дар ин ҳавои қаҳратун шарфаи пои одамон аз дуродур ба гӯш мерасид, ҳар як садои дигар, ҳар як ғиҷирросу хиширрос низ бо возеҳияти тамоми ба атрофу акноф паҳн мегардид. Садои қаторҳои оянда аз чандин фарсах шунида мешуд. Як саҳарӣ Едигей ҳанӯз хоболуд ғурриши раъдосои Қаранори Бӯрониро бишнавид, ки дар хота буд, барало шунавид, ки чӣ гуна Қаранор пой мекубад, деворҳои чӯбини ҳисори паси хонаро шақаррозсанон такон медиҳад. Едигей дарёфт, ки чӣ фалокате ба сараш бозомадааст. Зуд либосашро пӯшид, дар торикӣ пешпохӯрон аз хона баромад ва ба хота расида, бо ҳамаи овозе ки дошт, фарёд кашид:
— Худаш чӣ гап! Чӣ, қиёмат қоим шуд? Боз сар кардӣ? Боз маро хуни ҷигар мекунӣ? Хомӯш шав, ҳайвон! Даҳоната пӯш, гуфтам! Имсол андак барвақттар бедор шудаӣ, ба хаёлам. Мабоду ки хандахариши мардумон шавӣ!

Аммо суханони ӯ бар бод мерафтанд. Шаҳвати ҷонвар дигар бедор шуда, ба хурӯҷ омада буд ва ӯ акнун ба касеву чизе эътиноЕ надошт. Талаб мекард, ки озодаш намоянд, наъра мекашид, бонг мезад, таҳдидомез дандон мехоид, ба дару девори хота ҳамла менамуд.
— Ҳа, бӯяш ба биниам расид, бигӯ? — оҳанги ғазаболуди Едигей ба таъна бадал шуд.— Фаҳмидем, фаҳмидем, худи ҳамин дам бояд ки ба сӯи гала тозон биравӣ. Ягонта кайманча 1 муштоқ шудааст. Ҳай-ҳай-ҳай! Ман ҳайрон, ки чаро худованд ҷинси шуморо ба ин тариқа халқ кардааст; соле фақат як маротиба бедор мешавед ва ҳол он ки ин корро ҳар рӯз бе шӯру ғавғо кардан мумкин аст. Ва он гоҳ касеро бар касе коре набуд. Не, ба шумо ҳатман шӯру валвала бошад...

Ҳамаи ин суханонро Едигей барои зебаш мегуфт, боз барои он мегуфт, ки оҷизии худро эҳсос мекарду аламаш меомад. Вале аз сухан бар бод додан чӣ суд? Чораи дигаре набуд. Ва Едигей дари хотаро боз кард. Дари аз қаламаҳои баробари қади одам сохта ва занҷирбанд кардааш чизи вазнине буд ва Едигей ба калонтар кушодани он фурсат наёфт. Қаранор ӯро қариб аз по афтонида, худро берун андохт ва бо хашму ғазаб наъра кашидаву бонг зада, поҳои дарозашро кушод.

1 К а й м а н ч а — модауштури ҷавон (муаллиф).

пешина
аз 293
навбатӣ