Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ба он сӯ бирафт то галаи модиёнҳои Қара-норро дуртар биронад. То он дам Едигей корашро са-ранҷом дод, Қаранорро зуд зин заду ҳамин ки Қош-пан пӯстини ба рӯи барф партофтаашро оварда дод, дарҳол онро пӯшид ва фурсатро аз даст надода, бар уштури зину лачом задааш савор шуд.
Уштури ғазаболуд ҳанӯз кӯшишҳо мекард то бар галаи модиёнҳо баргардад, ҳатто боре мехост, ки гар-данашро қат карда, аз пои хоҷааш бигирад. Аммо Еди-гей хушёр буд. Ба ғурришу фарёдҳои қаҳро-луд, ба нолиши пайвастан эътирозомезаш нигоҳ накар-да, дар дашти пурбарф шитоб мекунонид ва мекуӯшид онро ба сари ақлу инсоф оварад.
— Бас кун! Шуд акнун! — мегуфт ӯ ба Қаранор.— Нафасата гир! Аз ду сар акнун пас намегарди! Калла-варам! Чӣ, гумон мекунӣ, ман ба ту бадиро раво ме-бинам! Хм, ман намешудам, туро кайҳо ҳамчун саги газандаи чинӣ парронида мекуштанд. Ҳа, гапам но-дуруст аст? Охир, чинӣ шудӣ-ку! Ин ба ҳафт иқлим овоза шуд. Чинӣ шудӣ, хеле, хеле девонагиҳо кардӣ! Набошад, чаро ба ин ҷо дав-давон омадӣ? Модиёнҳои худат камӣ кард? Дониста мон, ҳоло ба хона бирасем, сайру саёҳати ту ба галаҳои бегона тамом мешавад! Ба занҷир баста мемонам, инхела бошӣ, дигар як қа-дам озод гаштанӣ намемонам!
Едигей Бӯронӣ бештар барои таскини худ шах-дид мекард. Охир вай Қаранорро маҷбурӣ аз пеши мо-дауштурони Ак-Мойнак мебурд. Ва ин кораш зотан аз рӯи инсоф набуд. Лекин агар Қаранор ҷонвари ором мешуд, ҳоҷати гап ҳам набуд. Мана Едигей мо-диёни савориашро дар хонаи Қошпан монда меравад-ку. Қошпан ҳам ваъда дод, ҳамин ки фурсати муносиб ёфт, онро ба дуроҳои Бӯронӣ оварда месупорад, масъ-ала ҳал, олам гулистон. Қаранор бошад, фақат дарди сару нохушӣ меоварад.
Баъди муддате Қаранори Бӯронӣ ба тақдираш тан дод: ҳам ба он ки боз ба пушташ зин заданд, ҳам ба он ки хоҷааш боз фармонфармоӣ мекунад. Акнун камтар фарёд мекашид, қадаммониаш аввал ҳамвортар, сонӣ тезтар шуд ва дере нагузашта гашти якмарому башасти пешинааш барқарор гардид ва ӯ бо пойҳои дарозаш масоҳати беканори биёбони Сари Озекро гӯё қайчӣ мезаду пеш медавид. Едигей ҳам таскин ёфт, дар миёни кӯҳонҳои мустаҳками атанаш боҳаловат

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо