Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ронда овард, то ки ба хона дароварда бандад. Аз уштур фаромад, нӯки занҷири ғафси поёнаш ба кундае баста, ба замин гӯр кардашударо гирифта, ба пои уштур баст. «Андак дам гирад, хунук шавад, сони зиннашро меканам» - дар дил қарор кард Едигей. Аз чӣ сабабе бошад, бисёр шитоб мекард. Китфу шона ва похои карахт шудаашро молиш дода ва ёзонида аз хона мебаромад, ки духтарчаи калониаш Саула тозон омад. Едигей дар пӯстини фаҳӯлаш ноинчор хаму рост шуда, ӯро ба оғӯш гирифт, бӯсид. Духтарча либоси тунуке дар бар дошт.
— Хунук мехӯрӣ, — гуфт Едигей. — Бидав ба хона. Ман ҳозир меоям.
— Дада, — гуфт Саула бо навозиш ба падараш ҷафс шуда, — Даулу Эрмек рафтанд.
— Ба куҷо рафтанд?
— Тамоман рафтанд. Модарашон-катӣ. Ба қатор савор шуданд ва рафтанд.
— Чаро? Кай? — ҳанӯз ба маънои ин хабар сарфаҳм нарафта ва рост ба чашмони духтараш чашм дӯхта мепурсид Едигей.
— Ҳамин рӯз, саҳарӣ.
— Э! — нидо баровард Едигей ва овозаш ларзид. — Хайр, ту ба хона бирав, — духтарчаро рухсат дод. — Ман сони меоям, сари вақт. Бирав, бирав зудтар...
Саула дар паси иморат нопадид гардид. Едигей шитобон ба сӯи кулбаи Зарифа равон шуд, ҳатто дари хонаро напӯшид, ҳатто пӯстини аз болои либоси паҳтагин пӯшидаашро аз танаш набаровард. Роҳ мепаймуду ҳанӯз дудила буд. Бача эҳтимол сахв кардагист. Ҳеҷ мумкин нест, ки онҳо рафта бошанд. Аммо рӯи зина пур аз нақши по буд. Едигей дастаи дарро дошта, сахт кашид ва аз остона гузашта дид, ки хонаро кайҳо тарк кардаанд, ҳавои он хунук шудааст ва дар рӯи хона ҳар гуна лашулуши нодаркор паҳну парешон мехобад. На бачаҳо ҳастанд, на Зарифа!
— Яъне ки чӣ хел — дар хонаи хилват зери лаб худ ба худ савол дод Едигей. Вай ҳанӯз сарфаҳм рафта наметавонист, ки чӣ воқеае рух додааст. — Яъне ки рафтаанд? — бо ҳайрат ва ҳузномез гуфт ӯ, гарчи мисли рӯз равшан буд, ки соҳибони хона рафтаанд.
Ва ҳоли ӯ бад шуд. Ончунон бад шуд, ки дар ҳамаи умраш боре ба ин дараҷа нарасида буд. Пӯстин дар бар миёни хона дар паҳлуи печкаи сард рост меистоду

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо