Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
— Не, намеравӣ! — бо садои хирросӣ бонг зад Абдулхон, ки то ҳол хомӯш менишаст. — Ту аз ин ҷо як қадам намеҷунбӣ. Ба ягон бозору бозорҷо нахоҳӣ рафт. То аклат ба ҷояш наояд, туро табобат мекунем.
Инро гуфту думбураро аз дасти бародараш чанг зада гирифт.
— Ана ба ту! — фарёд кашид Абдулхон ва асбоби нозукро ба замин заду лагадмол кард, чунон ки барзагови ба хашм омада чӯпонро помол мекунад. — Акнун ту сурудҳониро фаромӯш мекунӣ! Хой он тотуяк, он Сараларо ин ҷо биёред!
Ва ононе ки берун аз хайма омодаи кор меистоданд, дарҳол Сараларо аз тавила оварданд.
— Зинашро канед! Ба ин ҷо партоед! — фармон медод Абдулхон ва табари дар гӯшае пинҳон карда мондаашро ба даст бигирифт. Вай табар ба зин мезаду онро реза-реза мекард.
— Мана! Ана! Ба ҳеҷ ҷо намеравӣ! Бозорро дар хоби шабат мебинӣ! — дар ғояти хашм афзори аспро пора-пора менамуд, тасмаи рикобро майда-майда кард ва худи узангуро бардошта, якеро ба як тараф, дувумиро ба дигар тараф ғурронид.
Сарала ҳаросон метапиду пой мекуфт, фаҳҳос мезаду ба пои пасаш менишаст ва лаҷом мехоид, гӯё пай бурда буд, ки чунин пешомаде ӯро низ нигарон аст.
— Хӯш, ту ба бозорҷо рафтаӣ будӣ? Савори Сарала, а? Хайр, биё, тамошо кун! — ҳамчунон дар газаб буд Абдулхон.
Ва ҳамқавмон дарҳол Сараларо аз пой афтониданд, дар як они воҳид чор пои аспро бо таноби пашмин ба як гираҳ бастанд. Абдулхон бо панҷаи гирояш аз даҳони асп дошта ва сарашро ба қафо тоб дода, ба замин хобонид ва бар гулӯи аспи беимоят корд кашид.
Раймалӣ-оғо бо тамоми қувват зӯр зад, то аз дасти одамоне ки ӯро нигоҳ медоштанд, раҳоӣ биёбад.
— Даст нигаҳ дор! Накуш аспро!
Аммо расида натавонист. Хуни гарм аз зери корд фавворазанон баромад, ба чашму рӯяш зад ва олам дар назараш торик шуд. Раймалӣ-оғо дар ҳоле ки ба хуни гарми Сарали сар то по оғушта буд, калавида-калавида аз замин бархост.
— Зӯрӣ беҳуда! Пиёда меравам. Ба зону меравам! — хуни рухсорашро бо домани курта пок карда гуфт ҳофизи таҳқиршуда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо