Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Ба оташ даромадан лозим бошад, баҳузур медарояд, бо парашют чажидан зарур шуд, ҳатто мижа назада мечаҳад, ҳамроҳи минаи атомӣ дар таки чархи танк таркидан даркор бошад, марҳамат, дар як лаҳза иҷро мешавад. Шумо пурсидан мехоҳед, ки сабаб дар чист?
Сабаб дар он ки ба сӯи одам биотоки ҷасорат мефиристанд, вассалом, ва инсон чӣ будани тарсро намедонад... Ана гап дар куҷо!..
— Уҳ, ту ба дурӯғ усто-куя! Ана сафсата-я! Ҳамин қадар сол хонда, ҳунари ёд гирифтаат ҳамин буд? — аз тахти дил тааҷҷуб мекард Одилбой.
Ҳозирон ошкоро механдиданд, дар ҷои нишасташон беқаророна мечунбиданд, сар меафшониданд, дар дилашон мегуфтанд, ки ин йигит ба дурӯғгӯӣ устухон надоштааст, аммо бо вуҷуди ин гӯш медоданд, чунки ӯ гапҳое мегуфт, ки кас шунида, ҳайрон мешуд, чизҳои аҷибу ғариби аз ин пеш ношунидаро мегуфт. Ҳама медиданд, ки араку шуботро нӯшида-нӯшида, кайфаш таранг шудааст, аз вай чӣ ҷои гила, бигузор, ки лаққидан бигирад. Аз куҷое ҳаргуна гапҳо шунидааст, кадоми ин росту куҷояш дурӯғ, гуфта сара гич кардан чӣ лозим?
Хамту, албатта, лекин ба дили Едигей ваҳм даромад:
рафту гапҳои ин лаққии мо ҷон дошта бошад, бесаришта шуда, аз дил гузаронид Едигей, вай ин маълумотҳои бешубҳа аз ягон ҷо хондааст ё тасодуфан ба гӯшаш даромадааст. Охир, вай ҳамин хел хислат дорад, ки дар ягон ҷой кор чатоқ бошад, аз ҳама пештар мешунаваду огоҳ мешавад. Рафту ҳамин хел одамон, хусусан олимҳои калони донишманд бошанд, ки аз ростӣ ҳам мақсад доранд ба ҳамаи мо худоҳо барин фармонфармой кунанд?...
Собитҷон бошад, беист мелаққид ва ҳозирон ҳамчунон гӯш медоданд. Мардумаки чашмонаш аз паси айнаки арақ пахш кардааш чашмони гурбаи ба хонаи торик даромадагӣ барин калон-калон менамуданд. Вай ҳамчунон гоҳ арақ менӯшид, гоҳ шӯбот дам мекашид. Ҳоло дастҳояшро алвонҷ дода, дар бораи кадом як секунчаи Бермуд дар миёнаи уқёнус ривоят мегуфт, ки он ҷо киштиҳо ба тарзи асроромез ғайб мезаданд ва агар аз болои он маҳал ҳавопаймо гузаштанӣ шавад, ба куҷо гум шуда рафтанашро касе намедонистааст.
— Мана дар вилояти худамон як одам буд, ки ҳашакалло ба хориҷа меравам гуфта, зӯр мезад. Хайр, дар
ҳамон хориҷа чӣ ҳаст? Оббо!.. Хӯш ки бошад, бадбахтиаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё