Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

нафас кашид. Фардо ҳаво ҳарвакта барин гарм мешавад, на абру на борон. Доимо аҳвол ҳамин: рӯзона ҳаво гарм, шабона хунук, бадани каса вараҷа зер мекунад. Барои ҳамин ҳам дар ин дашт алаф намерӯяд, чор тараф — биёбон. Алаф рӯяд ҳам рӯзона офтоба дида, қад накашад, ку акнун чорта борон борад, мегӯяд.
Аммо шаб мешаваду вай бечораҷар хунук мезанад. Ана аз барои ҳамин фақат гиёҳҳои сахтҷон зинда мемонанд.
Ҳар гуна хорҳо, бештар аз ҳама явшон ва дар домани ҷариву оббурдаҳо ягон-ягон алаф мерӯяд, ки даравида ба чорво додан мумкин. Елизарови геолог, дӯсти деринаи Едигей Бӯронӣ як вақтҳо нақл карда буд, нақли оддӣ ҳам не, сурат барин як манзараро тасвир карда буд, ки дар замонҳои қадим ин ҷо дашти сералафи кабкабуд будааст, иқлимаш дигар хел будааст, аз ҳозира дида, се баробар зиёдтар борон меборидааст. Пас, зиндагӣ ҳам дигар хелтар будааст, албатта. Сар то сари дашт рамаю галаҳо мечаридаанд. Дар замонҳои қадим будааст, ин ҳол, шояд хеле пештар аз пайдо шудани жуанжуанҳо, ҳамон бегонаҳои хунхор бошад, ки ҳоло ғайр аз қиссаҳои шум дигар нишонае намондааст аз онҳо. Рост мегӯяд, набошад ин қадар одам дар Сари Озек чӣ мехӯрду чӣ хел зиндагонӣ мекард? Елизаров бечиз нагуфта буд, ки Сари Озек китоби фаромӯшшудаи таърих аст... Мегуфт, ки таърихи Она-Байт ҳам чизи каму андак нест. Ҳамин хел саводдорон ҳам ҳастанд, ки таърих гуфта, фақат чизи ба рӯи коғаз навишта шударо медонанд. Рафту китобнависӣ ҳанӯз расм нашуда бошад-чӣ?..

Едигей ба садои қаторҳое, ки аз дуроҳа мегузаштанд, гӯш дода истоду тӯфонҳои баҳри Арал ба ёдаш расид, ҳамон баҳре ки дар соҳили он ба дунё омада, то сар шудани ҷанг он ҷо мезист. Қазонкӯп ҳам охир қазоки аралӣ буд. Вақте ки ҳар ду дар сари роҳи оҳан ба ҳам вохӯрданд, азбаски ҳамдиёр буданд, зудтар ба якдигар унс гирифтанд, дукаса баҳри худашонро ёдоварӣ мекарданд. Андаке пештар аз фавти Қазонкӯп айёми баҳорон дукаса ба Арал сафар карданд. Маълум шуд, ки мӯйсафед барои видоъ гуфтан ба баҳр рафта будааст.
Аммо рафтанду аз карда пушаймон шуданд. Маълум шуд, ки баҳр аз ҷои пештарааш кӯчидааст. Оби Арал кам-кам хушк шуда, соҳил ба дарунтар мегурехтааст.
Тахминан даҳ километр роҳ паймуданд, таки по гили регомез буд. Сонӣ ба канори об расиданд. Дар ҳамон ҷо

пешина
аз 293
навбатӣ