Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

офтоби мо борҳо ба муддати мухтасар фаромадаанд, низ ба ҳамин хулоса далолат мекарданд.

Дар қаъри сайёраи зоҳиран биёбонмонанди Икс вуҷуд доштани захираи об, ки дар ягон сайёраи то ҳоло тадқиқ кардаи илм, аз ҷумла дар Моҳ ва Зуҳра аз он осоре набуд, омили гиреҳкушоде гардид ва ба манфиати лоиҳаи ба кор бастани Икс далолат намуд. Вуҷуди обро чоҳҳои барои озмоиш кандашуда тасдиқ карданд. Ба ақидаи олимон, дар қаъри Икс қабати бузурги об будааст, ки ғафсии он ба чандин ҳазор метр мерасидааст ва он зери тазъиқи табақаҳои санги мазбути сард дар як ҳолати тағйирнопазир нигоҳ дошта мешудааст.

Мавҷудияти маҳз ҳамин гуна миқдори калони об дар сайёраи Икс воқеӣ будани барномаи «Демиург»-ро таъмин менамуд. Дар ин маврид об на фақат манбаи нам, балки инчунин мабдаи таркиб додани дигар гуна аносир буд, ки барои ҳифзи ҳаёт ва ҷараёни муътадили зиндагонии инсон дар шароити сайёраи дигар ва пеш аз ҳама дар ҳосил кардани ҳаво барои нафаскашӣ зарур буд. Ғайр аз ин, об аз дидгоҳи истеҳсолӣ дар технологияи шустану сара кардани ибтидоии маъдани Икс қабл аз бор кардани он ба контейнерҳои кайҳонӣ нақши асосие мебозид.

Масъалае муҳокима мешуд, ки оё неруи маъданиёти Икс дар куҷо берун оварда шавад: дар истгоҳҳои мадории кайҳон (то ки сипас онро ба василаи мадорҳои геосинхронӣ ба Замин нақл намоянд) ё бевосита дар рӯи Замин? Аммо барои ҳалли ин муаммо ҳоло фурсат буд.

Барои муддати мадид манзил гирифтани гурӯҳи ҷоҳканҳо ва гидрологҳо экспедисияи калоне омода мегардид, ки он мебоист ҷараёни доимӣ ва ба тарзи автомат идорашавандаи обро аз қаъри Икс ба шабакаи лӯлаҳо таҷҳиз медод. Истгоҳи мадории «Паритет» ба истилоҳи кӯҳнавардон қароргоҳи асосие ба шумор мерафт дар роҳи ситораи Икс. Дар «Паритет» барои баҳамрасӣ, борбарорӣ ва борбардории «сафина-моку»-ҳои нақлиётӣ, ки байни Икс ва «Паритет» рафтуо мекунанд, таҷҳизоти зарурӣ гузошта шуда буд. Пас аз муддате, баъди анҷом ёфтани сохтмони блокҳо дар «Паритет» барои кору истиқомати бароҳати сад кас, аз ҷумла ходимони робитаи телевизионӣ бо Замин имконият фароҳам меомад.

Дар ин иқдомоти бузурги кайҳонӣ ба рӯи Икс баровардани об ва таҳлили таркиби он дар силсилаи умури

пешина
аз 293
навбатӣ