Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
сиҳат ва саломат ва айёми пирӣ чунон дур буд, ки ҳанӯз ҳатто нишонааш наменамуд.
Он рӯз Едигей якто гӯсфандро сар зада, барои ҳамаи бӯрониҳо зиёфати калон орост. Шубот, арақ ва дигар нозу неъмат фаровон буд. Он вақтҳо ба дуроҳа гоҳгоҳ вагон-магазини сайёри орс 1 меомад ва ҳар чизе ки дилат ҷӯяд, аз он ҷо дарёфт мекардӣ. Фақат пул бошад — шуд. Ҳар хел ҳарчангҳо, тухми моҳӣ — ҳам сиёҳу ҳам сурхаш, ҳар гуна моҳӣ, коньяк, ҳасиб, конфет ва ҳоказо. Ва аҷобат дар ин буд, ки ҳама чиз ёфт мешуду одамон «мӯлаш чӣ лозим?» гуфта, бисёр намехариданд. Акнун аз он магазини сайёр дар роҳҳои оҳан ному нишоне намондааст...
Он рӯз сӯҳбати хубе шуда буд, ҳатто ба саломатии Қаранори Бӯронӣ қадах бардоштанд. Ва дар зимни сӯҳбат маълум шуд, ки меҳмонони суратгир овозаи Қаранорро аз Елизаров шунидаанд. Ҳа, маҳз Елизаров ба онҳо нақл кардааст, ки дар дашти Сари Озек Едигей Бӯронӣ ном як дӯсташ зиндагонӣ мекунад ва Қаранори Бӯронии вай зеботарин уштури рӯи замин аст! Эҳ Елизаров, Елизаров! Одами асил мана ин хел мешавад. Олим, тадқиқгари даштҳои Сари Озек... Елизаров ба дуроҳаи Бӯронӣ биояд, ҳамроҳи Қазонқоп секаса шуда, шабҳоро бо сӯҳбат рӯз мекарданд...
Гоҳ Қазонқоп, гоҳ Едигей бо навбат сухан карда ва нақли ҳамдигарро қувват дода, ба меҳмонон достони Сари Озекро дар бораи саргузашти модаркалони насли уштурҳои инҷоӣ ривоят карданд, дар бораи модауштури сафедсари овозадор Окмоя ва соҳибаи аз он ҳам машҳуртараш Найман-Она ҳикоят карданд, ки дар қабристони Она-Байт дафн шудааст. Мана, аз куҷоҳо сар мешавад зоту зурриёти Қаранори Бӯронӣ! Бӯрониҳо умед доштанд, ки эҳтимол ин қиссаи садсола дар рӯзномае чоп шавад. Меҳмонон достонро бо мароқ гӯш карданд, лекин дар дилашон, аз афти кор, гуфтанд, ки ин достон аз достонҳои қадимаи маҳаллист, ки аз даҳон ба даҳон гузашта, то ба ин айём расидааст. Аммо фикри Елизаров дигар хел буд. Достони Окмоя, мегуфт ӯ, эҳтимол он ҳақиқати ҳаётиро, ки як замонҳо буд, дар худ инъикос карда бошад. Елизаров ин гуна қиссаҳоро бо завқ гӯш мекард ва худаш низ бисёр ривоятҳои мардуми бодиянишинро аз ёд медонист...
1 ОТС — ихтисораи шӯъбаи таъминоти коргарон (мутарҷим).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё