Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Аз байни миқдори зиёди стратегияҳо вазифаҳои мутобиқкунандаи онҳо, ки дар қисматҳои стратегӣ инъикос меёбанд ва барои тадқиқоти соҳаи фаъолияти стратегӣ ҷавобгӯянд, муайян карда мешаванд. Ҷузъҳои низоми идоракунии стратегӣ ҳамчун маҷмӯи алоқаманди равандҳои идоракунӣ дида мешавад, ки мантиқан яке аз дигаре маншаъ мегиранд (рас. 4.1.). Бо вуҷуди ин алоқа ва таъсири мутақобилаи ҳар як ҷараён ба боқимондаи онҳо ва маҷмӯи онҳо мавҷуд аст. Ин хусусияти асосии низоми идоракунии стратегӣ ҳамчун раванд ба шумор меравад.
Принсипҳои менеҷменти стратегӣ
Менеҷменти стратегӣ аз як қатор принсипҳо асос мегирад, ки барои раванди амалигардии он заруранд. Принсипҳои асосӣ инҳоанд:
-
Илмият дар пайвастагӣ бо малака. Менеҷер дар фаъолияти худ маълумот ва хулосаҳои илмии зиёдро истифода намуда, бояд дар ҷустуҷӯ бошад, нисбати ҳолати ба миёномада нуқтаи назари шахсиро ёфта тавонад. Амалӣ намудани ин вазифа ба ғайр аз маҳорати пешбурди муборизаи рақобатнок, инчунин маҳорати баромадан аз ҳолати душвор, таваҷҷуҳ намудан ба проблемаҳои асосӣ ва нишон додани эътиборҳои асосии ташкилоти худиро пешбинӣ менамояд;
-
Мақсаднокии менеҷменти стратегӣ. Таҳлили стратегӣ ва ташаккули стратегия бояд ба принсипи мақсаднокӣ тобеъ бошанд, яъне доимо барои иҷрои мақсадҳои ташкилот равона гарданд. Дар муқобили амалҳои озод ва эҳсосӣ менеҷменти стратегӣ «таъмини мақсадноки рушди ташкилот ва равона намудани ҷараёни идоракунӣ ҷиҳати иҷрои проблемаҳои мушаххас»-ро инъикос месозад;
-
Чандирии менеҷменти стратегӣ имконияти вориди ислоҳот дар қарорҳои қабулшуда ва ё таҷдиди назари онҳо дар ҳама ҳолатҳо вобаста ба тағйирот фаҳмида мешавад. Татбиқи принсипи мазкур таносуби баҳодиҳии стратегияи ҷориро ба талаботи муҳити беруна ва имкониятҳои муассиса, аниқ кардани сиёсат ва нақшаҳои қабулшуда дар ҳолати пешбиинашудаи рушди ҳодисаҳоро пешбинӣ менамояд;
-
Ягонагии нақша ва барномаҳои стратегӣ. Барои муваффақ шудани қарорҳои стратегии сатҳҳои гуногун бояд мувофиқ кунонида шуда, байни ҳамдигар алоқаманд бошанд. Ягонагии нақшаҳои стратегияи ташкилотҳои тиҷоратӣ бо муттаҳид намудани қисматҳои сохторҳои стратегӣ, мувофиқкунонии нақшаҳои стратегии шуъбаҳои функсионалӣ ва вобастагии харидорони ҳама барномаҳои таҳиягардида ба даст меоранд;
-
Ташкили шароитҳои зарурӣ барои татбиқи стратегия. Нақшаи стратегӣ иҷрои ҳатмии бомуваффақияти онро таъмин намекунад. Ба раванди идоракунии стратегӣ шароитҳои ташкилӣ ҷиҳати амалинамоии нақша ва барномаҳои стратегӣ, яъне ташаккули сохтори пуризӯри ташкилӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё