Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ба қисмати «муҳити беруна»-и низоми менеҷменти стратегӣ, ки ба самараноку устувории амалиёти функционалии он таъсир мерасонад, макромуҳит, инфрасохтори минтақа дохил мешаванд.

Ба қисмати «воридот»-и система санадҳои қонунгузорӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрию услубӣ доир ба масъалаҳои гуногуни коркарди қарорҳои идоракунии стратегӣ ва назорат оид ба татбиқи онҳо дохил мешаванд.

Ба қисмати «алоқаи мутақобила»-и низоми менеҷменти стратегӣ талаботи нави истеъмолкунандагон, тарғибу ташвиқи онҳо, ахбороти навин вобаста ба дастовардҳои нави пешравии илму техника ва дигар омилҳо дохил мешаванд.

Дар қисмати «баромад»-и системаи стратегияи ташкилот дар давраи муайян (масалан то 3 сол) нақшаҳои стратегӣ доир ба қисмҳои алоҳида ва барномаҳои татбиқи нақшаҳои стратегӣ дар шакли барнома ва ё нақшаи маҷмӯии стратегияи ташкилот таҳия мегарданд.

Ҳангоми коркарди низоми менеҷменти стратегӣ дар асоси тадқиқоти маркетинга, пеш аз ҳама “баромад”, сипас дар системаи мавҷуда таҳлили таъсиррасонии “муҳити беруна” ва дар навбати охирин - таъмини сифати раванд ба сатҳу сифати “воридот” муайян карда мешавад. Баҳои сифат доир ба қисматҳои система бояд якхела (олӣ) бошад.

4.2. МОДЕЛИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Идоракунии стратегӣ ҳамчун дигар қисмати мураккаби менеҷмент сохтори моделии худро дорад. Бевосита мафҳуми моделии менеҷменти стратегӣ аз фаҳмиши аввалиндараҷа доир ба тафаккури стратегӣ оғоз меёбад.

Тафаккури стратегӣ

Мутобиқ ба ақидаи Ҳенри Минтсберг, тафаккури стратегӣ ин хусусияти фарқкунандаи менеҷер буда, барои «кушодани стратегияҳои нав» равона шудааст. Тафаккури стратегӣ, ба ақидаи Кеничи Омае, ин қобилияти эҷодӣ ва фаъоли андешаронӣ, тавлиди ақида ва мақсадҳои раванди инкишоф аст.

Тафаккури стратегӣ ин назари низомӣ + маҳорати аниқкунии мақсад + имконияти дастрасии маълумоти саҳеҳ ва кофӣ мебошад. Идоракунии стратегӣ ҳамчун тафаккур ва назари стратегӣ ин, пеш аз ҳама, синтез карданро ифода менамояд. Дар ҷамъбасткунии стратегӣ ба эҳсоси пешакӣ ва тафаккури эҷодии стратегӣ мавқеи асосӣ дода мешавад.

Тафаккури стратегӣ аксаран чун раванди мулоҳиза оид ба ҳолати ояндаи кор, доир ба раҳоӣ ёфтан аз хатоҳо ва ҳисоби нодуруст, инчунин

пешина
аз 469
навбатӣ