Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
шавад, «McDonald's» дар он ҷо 18 моҳро барои барқарор намудани муносибатҳои зарурӣ ва шиносӣ бо тамаддуни маҳаллӣ сипарӣ намуд. Пеш аз ҳама, мавқеи ҷойгиршавӣ, ҳаракати моликият, таҳвил, ҳайати кормандон, муносибат бо ташкилотҳои ҳуқуқӣ ва маъмурӣ андешида шуданд. Дар моҳи июни соли 1992 гурӯҳи иборат аз 50 нафар кормандон аз ИМА, Русия, Олмон ва Англия ба Полша барои кумак дар кушодани чор тарабхонаи аввалин сафарбар карда шуданд. Онҳо бояд ҳайати кормандони маҳаллиро ба кор қабул ва меомӯзониданд.
Дар миёнаҳои соли 1994 ҳамаи онҳо, ба ғайр аз як нафар, ба давлати худ баргаштанд. Онҳоро ҳайати кормандони маҳаллӣ иваз намуданд, маҳорати онҳо аллакай ба сатҳи лозимӣ, ҷавобгӯ ба талаботи тарабхонаҳои «McDonald's» гашта буд.
Муваффақияти «McDonald's» дар Амрико дар асоси низоми ҳамкории наздик бо таҳвилгарон, стратегияи маркетингии мулоҳизакорона, назорати қатъии сатҳи захираҳо ва низоми франшиз тарҳрезӣ мешавад. Агарчӣ дар ИМА низом хеле хуб кор мекард, аммо зарур буд, ки дар системаи тиҷорати давлатҳои дигар як қатор тағйирот ворид карда шаванд.
Шарикони хориҷӣ низ мавқеи асосӣ дошта, ба «McDonald's» барои мутобиқгардонии усулҳои маркетингии худ ва номгӯи хӯрокҳои ба шароити маҳаллӣ мутобиқ кумак мерасонанд. Гарчанде ки маҳсулоти тезтайёри шакли амрикой дар номгӯи хӯрокҳо асосианд, инчунин маҳсулоти маҳаллӣ низ илова карда шуданд. Дар Бразилия, масалан, «McDonald's» бо фурӯши нӯшокиҳои беалкоголии аз guarana-буттамеваи саросари Амазонка сабзанда тайёр мешавад, машғуланд. Шарикои «McDonald's» дар Малайзия, Сингапур ва Таиланд фурӯши коктейлро бо иловаи durian-меваи бӯи махсусдошта (ба ақидаи америкоиҳо), ки аҳолии маҳаллӣ онро барангезанда меҳисобанд, ба роҳ монданд. Дар давлатҳои араб тарабхонаҳои «McDonald's» номгӯи хӯрокҳои «Halal» доранд, ки ишора ба мутобиқатии қоидаҳои мусулмонии тайёркунии хӯрок, хусусан гӯшти гов аст. Дар соли 1995 «McDonald's» аввалин тарабхонаро дар Байтулмуқаддас кушод. Дар тарабхона маҳсулоти ширӣ мавҷуд нест ва дар Ҳиндустон «BigMag» аз гӯшти гӯсфанд тайёр шуда, «Магарачи Мак» номида мешавад.
Масъалаи асоситарини «McDonald's» таҷдиди шабакаи амрикоии таҳвил дар дигар давлатҳо буд. Таҳвилгарони амрикой нисбат ба «McDonald's» риоякунандаи қонун мебошанд, чунки ояндаи онҳо ба якдигар сахт алоқаманд аст.
«McDonald's» риояи қатъии қоидаҳоро вобаста ба истифодаи ҳама таркибҳои хом доро буда, манбаи устуворӣ ва назорати сифат мебошанд. Берун аз ҳудуди ИМА «McDonald's» мушоҳида намуд, ки таҳвилгарон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё