Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хонданВарианти 1. Оғоз дар миқёси миллӣ:
- таҳияи тарзи аслии питса аз “Макдоналдс”, мутобиқгардонӣ барои истеъмолкунандаи Тоҷикистон;
- сохтани занҷири таҳвил барои тайёркунии питса — харид ва васл кардани танӯр барои тайёр кардани питса дар нуқтаҳои фурӯш (тарабхонаҳо);
- гузаронидани тренингҳо оид ба фурӯш ва тайёр намудани маҳсулоти нав барои ҳама кормандони “Макдоналдс”;
- дар дохили тарабхона овехтани овезаҳо бо тасвири маҳсулоти нав ва даъвати хариди он бо нархи муқарраргардида;
- ба роҳ мондани маъракаи тарғиботӣ дар воситаҳои ахбори омма;
- ба роҳ мондани маҳсулоти нави “Мак-питса” ва оғоз намудани фурӯши он.
Варианти 2. Санҷиши бозорӣ:
- таҳияи тарзи аслии питса аз “Макдоналдс” барои истеъмолкунандаи Русия;
- хариди ҷузъҳо (ингредиентҳо) барои тайёр намудани питса;
- ба иҷора гирифтани танӯр ва муваққатан васл намудани он дар яке аз тарабхонаҳои “Макдоналдс”;
- тайёркунӣ ва фурӯши маҳсулоти навро ба ҳайати кормандони ин тарабхона омӯзонидан;
- дар дохили тарабхона овехтани овезаҳо бо тасвири маҳсулоти нав ва даъвати хариди он бо нархи муқарраргардида;
- оғози фурӯши “Мак-питса” дар яке аз тарабхонаҳо, сипас таҳлили натиҷаҳои фурӯш.
Варианти 3. "Даст кардани" бозор;
- дар дохили яке аз тарабхонаҳо овехтани овезаҳо бо тасвири маҳсулоти нав ва даъвати хариди он бо нархи муқарраргардида;
- ҳангоми аз ҷониби меҳмони тарабхона фармоиш кардани “Мак-питса”, маъзарат хостан оид ба мавҷуд набудани маҳсулот;
- бурдани ҳисоби ҳар як фармоиши маҳсулоти нав.
- Аз пешниҳодшудаҳо варианти оптималӣ кадом аст?
- Ба назар гиред, ки сухан на дар бораи бизнеси Шумо, балки оид ба бизнеси ширкати пешрафтае меравад, ки дар 120 давлати ҷаҳон бештар аз 34 ҳазор тарабхона дорад. Капитализатсияи ширкат беш аз 100 млрд. долларро ташкил медиҳад.
- Дар хотир дошта бошед, ки варианти интихобшуда бояд бо маҷмӯи далелҳо тасдиқ карда шаванд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё