Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

6.1. МОДЕЛҲОИ МАТРИТСАВИИ МЕНЕҶМЕНТИ
СТРАТЕГӢ

Дар менеҷменти стратегӣ матритсаҳои зиёди ин ё он самт ба таври кофӣ истифода мешаванд. Дар марҳилаҳои банақшагирии стратегӣ систематикунонии ин матритсаҳо, инчунин татбиқи марҳилавии муносибати матритсавӣ зарур аст.

Сатҳи банақшагирии стратегӣ ҳангоми андозагирии матритсавӣ

Дар банақшагирии стратегӣ сатҳҳои корпоративӣ, сатҳи бизнес ва сатҳи функционалиро ҷудо кардан мумкин аст (расми 6.1.). Матритсаҳои менеҷменти стратегӣ дар сатҳи корпорация бизнеса корпорация мансуббударо таҳлил менамоянд, яъне барои таҳлили сандук кумак расонида, таҳлили ҳолатҳоро дар корпорация пурна амалӣ мекунад. Сатҳи бизнес матритсаҳоеро дар бар мегирад, ки ба воҳиди бизнеси номбурда муносибат ва ба як мол тааллуқ доранд, хусусиятҳои ин молро таҳлил менамоянд, ҳолати моли номбурдаро дар бозор дида мебароянд ва ғайра.

Матритсаҳои сатҳи функционалӣ омилҳои ба муҳити функционалии ташкилот таъсиркунандаро, ки муҳимтаринашон омилҳои маркетингӣ ва идоракунии ҳайати кормандон мебошанд, таҳлил мекунанд.

Дар адабиёт матритсаҳои гуногун оварда шудаанд, ки ба сатҳи банақшагирии стратегӣ мувофиқат мекунанд. Дар ҷадвали 6.1. истифодаи матритсаҳои мавҷуда дар муносибат бо сатҳҳои додашуда пешниҳод карда шудааст.

Таснифи матритсаҳои банақшагирии стратегӣ

Тадқиқоти матритсаҳои мавҷудаи банақшагирии стратегӣ дар заминаи ҷиҳатҳои гуногуни раванди мазкур гузаронида мешаванд. Таснифи
матритсаҳо барои муқаррар намудани қонуниятҳо ва хусусиятҳои истифодаи усулҳои матритсавӣ дар нақшагирии стратегӣ зарур аст. Матритсаҳои

пешина
аз 469
навбатӣ