Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Таснифоти объекти омӯзиш. Таснифи объекти омӯзиш матритсаҳоро вобаста аз объекти омӯзиш ба гурӯҳҳо тақсим мекунад. Дар матритсаи «маълумотрасонӣ-муносибат» ва «таъсири пардохтҳо ба муносибат дар гурӯҳ» объекти омӯзиш ҳайати кормандон мебошанд. Дигар объекти тадқиқот сандуқи ширкат ба шумор меравад. Дар ин гурӯҳ ба сифати мисол матритсаҳои Shell/DPM, BCG гирд оварда мешаванд.

Расми 6.2. Таснифоти матритсаҳои банакшагирии стратегӣ.

  1. Таснифот доир ба маълумоти гирифташуда. Таснифоти номбурда матритсаҳоро нисбати маълумоти гирифташуда ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад: миқдорӣ, ё маъной. Дар ин гурӯҳ намунаи матритсаи аз ҳисоби маълумот дар шакли ададҳо ташкилёфта матритсаи вектории ҳолати иқтисодии ташкилот ва матритсаи аз ҳисоби маълумоти мантиқӣ ташкилёфта, матритсаи шаклҳои асосии ташкилот ба шумор мераванд.

Татбиқи василаҳои матритса дар раванди банакшагирии стратегӣ

Дар давраи якум таҳлили аввалиндараҷаи фаъолияти ташкилот гузаронида мешавад. Бо ин мақсад се матритса интихоб карда шудааст. Матритсаи SWOT дар адабиёт ба таври васеъ таҳлил карда шудааст. Матритсаи МСС таҳлили мувофиқати мақсади ташкилот ва имкониятҳои асосии онро пешбинӣ мекунад. Матритсаи вектори рушди иқтисодии

пешина
аз 469
навбатӣ