Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Самаранок тақсим намудани захираҳои стратегӣ, ташкили асосҳои ҳамоҳангсозии зерташкилотҳо; Дастгирии тағйироти куллии стратегӣ, ташаккул ва тараққиёти бартариҳои рақобат ва қобилияти стратегӣ; Саҳеҳгардонӣ ва батанзимдории фаъолият бо дарназардошти натиҷаҳои бадастомада.
1.2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Мақсади асосии менеҷменти стратегӣ ин инкишофи тавоноӣ ва таъмини рақобатпазирии стратегии ташкилот бо мақсади устуворӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти мақсаднок дар шароити номуътадили муҳити беруна аст.
Актуалии будани менеҷменти стратегӣ дар корҳои Аристотел дарҷ гардидааст, ки чунин қайд менамояд: «Манфиат дар ҳар ҷо ва ҳар макон аз риоя намудани ду шароит вобаста аст:
- Дуруст муайян намудани мақсадҳои ниҳоӣ ва 2. Ҷустуҷӯи воситаҳои зарурӣ, ки ба мақсадҳои ниҳоӣ мерасонанд».
Дар менеҷменти стратегӣ диққати асосӣ ба баланд бардоштани асоснокӣ, сифат ва самаранокии идоракунии стратегии қарори идоракунӣ дода мешавад.
Мафҳуми омили стратегӣ дар идоракунӣ ин дарки саривақтӣ ва комилан мувофиқ будан ба тағйироти беруна ва нигоҳ доштани фазои устувори рақобатпазирӣ мебошад.
Мафҳуми менеҷменти стратегиро А.А.Томпсон ҳамчун фаъолияти вобаста ба имкониятҳои дохилӣ ва таъсирнок ба муҳити беруна муайян менамояд. Бо баланд рафтани сатҳи ноустувории фаъолияти соҳибкорӣ роҳандозӣ дар самти идоракунии стратегӣ эҳтиёҷоти ширкатҳоро меафзояд. Қобилият дар менеҷменти стратегӣ мавҷуд будани панҷ омилро дар бар мегирад:
- малакаи таҷдид намудани ҳолат; 2) малакаи нишон додани зарурати тағйирот; 3) малакаи таҳияи стратегияи тағйирот; 4) малакаи дар ҳолати тағйирёбӣ истифодабарии тарзҳои боваринок; 5) малакаи татбиқи стратегия дар ҳаёт.
Он аз панҷ қисми бо ҳам алоқаманд иборат аст: (Расми 1.1).
Бо дарназардошти ин 5 ҷузъиёт 5 вазифаи асосии менеҷменти стратегиро муайян менамоянд:
- Ташаккул додани диди стратегӣ ва фаъолияти ташкилотҳо;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё