Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
— мақсади ширкат вазифаҳои менеҷерҳои онро дар ҳама сатҳҳои «иерархӣ» бисёр фаҳмо муайян менамояд;
— ба кормандон аз ҷониби роҳбарият ишораи муайян дар бораи интизории корҳои онҳо (кор кардан ба мисли ҷопониҳо ва даромад гирифтан ба мисли корегӣҳо) карда мешавад.
Омили бовариноки назорат ва баҳодиҳии қарорҳои идоракунӣ ба миён меояд: ҳама гуна амалиёт (ё набудани амалиёт) бо дарназардошти мақсадҳои ба миёнгузошта санҷида мешаванд. Албатта, ширкати «Сони» барои дар бозор дар сатҳи баланд қарор доштан шаклу воситаҳои заруриро ҷустуҷӯ менамояд ва барои ин ба ин гуна «ҳуҷум»-ҳо ҷавоби мушаххас пайдо менамояд. Ва дар бозор кадом ширкате дар сатҳи пешсафӣ набошад, мо дар ҳар сурат ҳамчун истеъмолкунандагон бурд менамоем.
Дар байни объектҳои менеҷменти стратегӣ се гурӯҳро қайд кардан ба маврид аст:
-
Ташкилот, ҳамчун системаи иқтисодию иҷтимоии кушода, ки маҷмӯи зерсохторҳоро дар бар мегирад.
-
Зерсохторҳо ин самти фаъолияти ташкилоте мебошанд, ки дар самти бозор ҳамчун зерсохтори мустақили хоҷагидорӣ ба шумор рафта, дар бозор ба ҳайси рақиби баробар фаъолият менамоянд ва гурӯҳи интиқолдиҳандагон, истеъмолкунандагон ва рақибони худро доранд.
-
Нуқтаи фаъолияти ташкилот ин самти фаъолияте мебошад, ки аз ҷониби зерсохторҳои фаъолияткунандаи барои иҷрои корҳои муайян ихтисосошта амалӣ карда мешавад.
Ба таснифоти объекти идоракунии стратегӣ шакли моликият ва ҳаҷми тиҷоратро метавон илова намуд:
Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ. Консепсияи стратегия ва идоракунии стратегӣ дар баробари бахши тиҷорат барои бахши ҷамъиятӣ низ муҳим аст. Ба мисли самти тиҷорат сектори ҷамъиятӣ низ ба васеъ истифода намудани модели стратегӣ оғоз намуд.
Бахши ғайритиҷоратӣ. Асоси бахши ғайритиҷоратиро идеология низ ташкил медиҳад. Сабаби ташкил ва фаъолияти чунин ташкилотҳо арзишҳои муайян — рӯҳӣ, ахлоқӣ, ҷамъиятӣ, динӣ ва ғайра ба шумор мераванд. Ташкилотҳои маъмулӣ чунинанд, масалан ташкилотҳои хайриявӣ ва ғайритиҷоратӣ.
Тиҷорати хурд. Ташкилоти тиҷорати хурд аксаран дар бозорҳои начандон калон ва ё миқдори маҳдуди бозорҳо бо миқдори маҳдуди маҳсулот ва хизматрасониҳо фаъолияти худро ба роҳ мемонанд. Дар самти амалиёти ташкилоти мазкур қисми стратегӣ ҳиссаи начандон калонро дар бар мегирад. Чунин ташкилот наметавонад барои худ шуъбаи калони банақшагирии стратегиро амалӣ намояд. Дар бисёр ҳолатҳо ин корро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё