Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ташкили иҷрои нақшаҳои стратегӣ ин ташаккули иқтидори ояндаи ташкилот, мувофиқа намудани стратегия ва системаи идоракунӣ бо интихоби стратегияи рушд, ташкили маданияти корпоративӣ аст, ки стратегияро дастгирӣ менамояд.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти менеҷерҳо дар ташаккул ва татбиқи стратегияи генералӣ, дар мувофиқаи қарорҳои стратегӣ, дар сатҳҳои гуногун ва зина ба зина муттаҳид намудани мақсадҳо ва стратегияи зерсохторҳо, дар сатҳи баланди идоракунӣ инъикос мегардад.

Ҳавасмандӣ ҳамчун функцияи идоракунии стратегӣ бо таҳияи системаи омилҳо алоқамандӣ дорад, ки барои ноил гаштан ба натиҷаҳои стратегӣ мусоидат менамоянд.

Назорат аз мушоҳидаҳои мунтазам ба ҷараёни татбиқи нақшаҳои стратегӣ иборат мебошад. Вай барои пешакӣ муайян намудани хатарҳои пешомад, ошкор намудани хатоҳо ва баромадан аз тамоюли стратегияи қабулгардида ва сиёсати ташкилот масъулиятнок аст.

Баррасии маҷмӯи функция ва мақсадҳо мафҳуми менеҷменти стратегиро, ки мантиқан дар ҷустуҷӯи ҷавоб ба се саволи муҳим равона гардидааст, муайян месозад:
• Ташкилот дар айни ҳол дар кадом ҳолат қарор дорад?
• Баъд аз се, панҷ ва даҳ сол дар кадом ҳолат қарор гирифтан мехоҳад?
• Бо кадом тарз ба мақсадҳои ниҳоӣ ноил гаштан зарур аст?

Барои ҷавоб додан ба саволи якум менеҷер пеш аз он ки нисбати фаъолияти минбаъдаи ташкилот қарор қабул намояд, бояд ҳолати кунуниро, ки ташкилот дар он қарор дорад, донад. Барои ин асоснокии маълумотҳое мавҷуд бошанд, ки ҷараёни қабули қарорҳои стратегиро бо дарназардошти маълумоти зарурӣ ва таҳлили ҳолати гузашта, ҳозира ва ояндаро дар бар мегиранд.

Саволи дуюм, махсусияти муҳими менеҷменти стратегиро барои тамоюли минбаъдаи он дар бар мегирад. Барои ҷавоб додан ба он, бояд мушаххасан муайян намуд, ки ташкилот ба чӣ муваффақ шуданист ва кадом мақсадҳоро дар нақша дорад.

Саволи сеюми менеҷменти стратегӣ ба татбиқи амалии стратегияи интихобкарда, ки дар раванди он танзими ду марҳилаи аввала амалӣ карда мешавад, вобастагӣ дорад. Унсурҳои муҳими марҳилаи мазкур захираҳои мавҷуда, системаи идоракунӣ ва кормандон ба шумори мераванд.

1.3. МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ОПЕРАТИВӢ

Системаи идоракунии ташкилот ду шакли фаъолияти идоракунӣ - менеҷменти стратегӣ, ки ба рушди потенсиали ояндаи ташкилот ва оперативӣ, ки ба татбиқи потенсиали мавҷуда ва даромаднокӣ воба-

пешина
аз 469
навбатӣ