Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИИ
Ҷадвали 1.1. Тафсилоти муқоисавии менеҷменти стратегӣ ва оперативӣ.
Тафсилот | Менеҷменти оперативӣ | Менеҷменти стратегӣ
---|---|--- Миссия | Ташкилот барои зуд ба даст овардани фоида аз фурӯши маҳсулот ва хизматрасониҳо фаъолият менамояд. | Устувор мондани ташкилот дар ояндаи дарозмуддат ба воситаи муқаррар намудани тавозуни ҷараёндор бо муҳит.
Проблемаҳои ҳалталаб | Ҷустуҷӯи роҳҳои истифодабарии самараноки захираҳои дар дохили ташкилот мавҷудбуда | Тақвияти рақобатпазирӣ бо роҳи ҷустуҷӯи имкониятҳои нав дар муҳити беруна ва мутобиқ шудан ба тағйироти дар он ба амалоянда.
Омили вақт | Тамоюл ба дурнамои кӯтоҳмуддат ва миёнамуҳлат | Тамоюл ба дурнамои дарозмуддат Системаи идоракунӣ | Функсияҳои структураи ташкилӣ, равандҳо, техника ва технология | Одамон, системаи таъминоти ахборотӣ, бозор Идоракунии кормандон | Муносибат ба кормандон, ҳамчун иҷрокунандагони одӣ ва вазифаҳо (захираи хароҷотӣ) | Муносибат ба кормандон, ҳамчун асоси инкишофи ташкилот, арзишҳои асосии он ва сарчашмаи бобарор (захираҳои калидӣ) Баҳодиҳии самаранокӣ | Самаранокӣ дар мафҳуми даромаднокӣ ва манфиатнок истифода намудани захираҳои истеҳсолот баҳогузорӣ карда мешавад. | Самаранокӣ ба воситаи қобилияти ташкилот нисбати саривақт дарк намудан ба дархостҳои нави бозор баҳогузорӣ мешавад ва дар баробари тағйироти муҳити беруна тағйир меёбад.
Алоқамандии идоракунии стратегӣ ва оперативӣ
Системаи менеҷменти ширкат маҷмӯи протсесҳои стратегӣ ва оперативии идоракунии фаъолиятро дар бар мегирад (расми 1.2).
Менеҷменти стратегӣ ҳаракатҳои ташкилию соҳибкориро талаб менамояд, менеҷменти оперативӣ бошад, аксаран дар заминаи ҳаракатҳои мунтазам рушдёбанда амалӣ мегардад. Вақтҳои охир ташкилотҳо аз ҳама бештар ба истифодаи якбораи ҳар ду намуди ҳаракатҳо эҳтиёҷ доранд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки сохтори таносуби худӣ ҳам барои рушди соҳибкорӣ ва ҳам барои тарзҳои рушдёбандаи ҳаракатҳои ташкилӣ мусоидат намуда, дар ин замина системаи идоракунии ташкилот мукаммал ташкил карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё