Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 1. МОҲИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИКӣ
Ба хулосабарориҳо, пеш аз ҳама раванди ақидаронии Шумо, муносибат ва таҳлили ҳолат муҳим аст.
Барои қабули қарор ба Шумо маълумоти иловагӣ доир ба кейсҳо лозим мешавад. Аммо ба он аҳамият диҳед, ки на ҳамаи маълумоти пешниҳодгардида арзиши якхела доранд. Барои қабули хулосабарориҳои манфиатнок риояи муносибатҳои сохторӣ заруранд. Аввал фарзияи худро инъикос намоед, баъд аз он баҳо диҳед, ки барои тасдиқ ва ё инкори фарзия ба Шумо кадом маълумот зарур аст.
Кори муттасил бо кейс. Усули кор оид ба баррасии қарорҳои ҳолати корӣ (кейс) дар омилҳои зерин инъикос мегардад:
Шиносӣ бо муҳтавои кейс
Муҳокимаи пешакии кейс
Таҳияи нақшан таҳлили ҳолат
Ташкил намудани зергурӯҳҳои корӣ
Интихоби муаррифкунанда (модератор)
Эълони мавзӯи муҳокима
Шарҳи омӯзгор
Интихоби мавзӯъ аз ҷониби зергурӯҳ
Таҳлили супориши марбут ба ҳолат
Қабули қарор
Муҳокима дар зергурӯҳҳо
Кори техникӣ аз болои кейс
Ҳамоҳангсозии вазифа бо омӯзгор
Интихоби мавзӯъ аз ҷониби зергурӯҳ
Баромади муаррифкунанда (модератор)
Ширкат дар муҳокимаи омӯзгор
Ширкат дар муҳокимаи зергурӯҳҳо
Натиҷагирӣ
Натиҷагирӣ аз ҷониби донишҷӯён
Шарҳи омӯзгор
Расми 1.4. Кори муттасил бо кейс.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё