Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Консепсияи рушди дурнамои иҷтимоию иқтисодии
шаҳри Кӯлоб
Консепсияи рушди маҷмӯии иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷати пешгӯию таҳлилӣ буда, системаи тасаввурот дар бораи интихоби стратегӣ, мақсад ва бартариҳои стратегии рушди шаҳрро дар бар мегирад. Соҳаҳои асосӣ ва шаклҳои фаъолият аз вазифаҳои бартариноки рушди шаҳр ба шумор мераванд.
Шакли ҳудудии тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ба ташкили маҷмӯи соҳаҳо мусоидат мекунад, ки мавқеи ташкили системаро дороянд. Чунин маҷмӯи соҳаҳо заминаи асосии фаъолияти шаҳр ба ҳисоб мераванд ва ё онҳо талаботи ҷамъиятро қонеъ мегардонанд.
Интихоби стратегӣ маҳаки асосии консепсияи рушди дурнамои шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад. Консепсияи рушди дурнамо маҷмӯи самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, тартиботи асосии стратегияи рушди шаҳри Кӯлобро дар бар мегирад.
Унсури асосии консепсияи рушди шаҳр ин интихоби стратегияи шаҳр буда, ба дурнамои махсусгардондаи он асос мегардад.
Дар назди шаҳри Кӯлоб ду варианти гуногуни принсипиалии рушди шаҳр қарор гирифтаанд. Якум, рушди инерсионӣ, ки инкишофро дар самти қаблан муайянгардида ба назар гирифта, анъанаҳои гузаштаро ҳифз менамояд.
Варианти дигар – гузаронидани шаҳр ба самти нави принсипиалии рушд, ки асоси онро интихоби стратегияи нав ташкил менамояд. Аз сабаби он ки барои дарёфти роҳҳои нави густариш ва самаранок вариантҳои мусоид лозиманд, пас бартарият ба варианти дуюм дода шудааст.
Омили асосии ҷустуҷӯи стратегияи нави рушд аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳр пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба системаи ҳадафҳои стратегии рушди иҷтимоӣ мебошад. Мақсади асосии стратегияи мазкур иборат аз он аст, ки бо татбиқи амалии мақсадҳо сатҳи зиндагии аҳолии шаҳр беҳтар гардида, табақаҳои миёнаи аҳолӣ зиёд карда шаванд.
Ҳангоми коркарди ҳадафҳои стратегӣ ва механизмҳои татбиқи онҳо самтҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ, дурнамои соҳавии шаҳр, самтҳои афзалиятнок, ба мисли соҳибкории хусусӣ ва инфрасохтори туризм ба инобат гирифта мешаванд.
SWOT-таҳлили ҳолати ҳозираи шаҳри Кӯлоб
Таҳлили стратегияи ҳолати ҳозираи шаҳри Кӯлоб бо дарназардошти таъсири муҳити беруна ва омилҳои дохилӣ, ки ба воситаи SWOT-таҳлил гузаронида шудааст, дар ҷадвали 15.3 нишон дода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор