Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

15.6. КЕЙС-ВАЗЪИЯТ

ШИНОСНОМАИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ҶАМОАТИ
«РОҲАТӢ»-И НОҲИЯИ РӮДАКӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2015

Шиор: Рушди деҳот — пешрафти ҷомеа

Фармоишгари
стратегия - Ҷамоати «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ

Маблағгузори
стратегия – Комиссияи Аврупоӣ

Таҳиякунанда - Оҷонсияи мустақили тадқиқоти стратегӣ ва банакшагирии КАС (НАСИП – АПК), Ассосиатсияи
миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ (АМХДФ)

Мақсад ва тамоюлҳои стратегия

Мақсади стратегияи рушди ҷамоати «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар заминаи сафарбаркунии иқтидори ҷамоатҳои маҳал, ки барои баланд бардоштани сатҳи даромаднокии инфиродии хонаводаҳо равона гардидааст, аз баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст намудани камбизоатӣ дар деҳот иборат аст.

Тамоюлҳои стратегӣ ва нишондодҳо

Даромаднокии инфиродии хонаводаҳо натиҷаи асосии марҳилавии стратегия ба шумор рафта, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ бошад, тамоюли ниҳоии беҳтар намудани сатҳи зиндагиро инъикос менамояд.

Беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ:
• Дастрасӣ ба истифодаи қувваи барқ дар давоми сол;
• Дастрасии аз 80 фоиз зиёди аҳолӣ ба оби нӯшокӣ;
• Зиёдшавии давомнокии ҳаёт то 5-7 сол ва 3 маротиба паст намудани фавти тифлон.

Баланд намудани даромаднокии инфиродии хонаводаҳо:
• Ташкил кардани сарчашмаҳои устувори даромад аз ҳисоби зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок;
• Пурра аз байн бурдани қашшоқӣ ва то 20 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ;
• Даромади миёнаи хонаводаҳоро дар як моҳ то 300 доллари ИМА расонидан.

Муҳлати таҳияи
стратегия апрел – октябри соли 2009

пешина
аз 469
навбатӣ