Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 16. ХУСУСИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР TFT

Хусусиятҳои фарқкунандаи менеҷменти стратегӣ дар TFT

Банакшагирии стратегӣ дар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар муқоиса бо фаъолияти тиҷоратӣ хусусиятҳои фарқкунанда дорад. Ин дар навбати аввал ба мақсадҳои ниҳоии TFT, аз ҷумла татбиқи миссияи ҷамъиятии худ, вале бефоидаи максималии молиявӣ вобастагӣ дорад.

Идоракунии стратегии TFT аз идоракунии стратегии ташкилотҳои тиҷоратӣ ба куллӣ фарқ мекунад, яъне таъйиноти асосии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ (миссия ва дигар мақсадҳо) ба таври қатъӣ дар ҳуҷҷатҳои таъсисии TFT дарҷ гардида, ба таври озод, ки дар ташкили бизнес мушоҳида мегардад, тағйир дода намешавад. Ҳамин тавр, идоракунии стратегӣ барои TFT дар фарқият бо варианти классикии идоракунии стратегӣ аз таҳияи миссия ва дигар мақсадҳои ташкилот оғоз наёфта, дар он таҳлили беруна гузаронида мешавад. Пайдарпайӣ ва мазмуни давраҳои дигари идоракунии стратегӣ (гузаронидани таҳлили дохилӣ, коркарди стратегия, татбиқи он, баҳодиҳӣ ва назорат) бе тағйир мемонанд.

Ба қатори дигар фарқиятҳо гурӯҳҳои гуногуни мизоҷон ва муҳити рақобатии дар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мавҷударо дохил кардан мумкин аст. Муносибати худро барои коркарди стратегияи TFT ширкати Monitor Group дар се давраи асосӣ амалӣ мегардонад:
• саҳеҳкунии мақсадҳо ва арзишҳои донор (миссия, мақсадҳо, захираҳо, самти хайрия ва гайра);
• коркарди модели тағйироти иҷтимоӣ (таҳияи барномаҳои самтӣ ва мақсади онҳо);
• коркарди модели ташкилӣ (равандҳои идоракунӣ, сиёсати корпоративӣ ва гайра).

Фарқиятҳои стратегияи TFT ва корпорацияҳо

Чӣ хеле маълум аст, мақсадҳои ташкилот вобаста ба вақт ва миқёс фарқ мекунанд. Мақсадҳо ба таври иерархӣ сохта шуда, низоми мураккаби алоқамандии мутақобила ва вобастагии вазифаҳову миссияи ташкилотро муайян мекунанд. Ин мавқеъ чӣ барои корпорацияҳо ва чӣ барои ТҒТ умумӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, фарқиятҳо дар миссияи муассисаҳои тиҷоратӣ ва ТҒТ мавҷуданд. Миссияи ТҒТ нисбат ба корпоративӣ на ба нақшаҳо, балки ба шартнома монандӣ доранд. Онҳоро бо табъи маъмурият, шӯрои сарпарастон ва дигар стейкхолдерҳо тағйир додан ғайриимкон буда, чунин тағйирот доимо инъикоси ҷомеа ва диққатҷалбкунандаи ташкилотҳои назоратии давлатӣ мебошанд. Ин бо он алоқаманд аст, ки ТҒТ дар асоси таҳияи миссия ва ҳисоботи солона имтиёзҳои андоз ва ҳолати махсуси ҳуқуқӣ ба даст меоранд. Дар ин ҳуҷҷатҳо тағйирот ворид намудан мумкин аст, аммо ташкилотҳои маъмурии ҳукумати

пешина
аз 469
навбатӣ