Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 16. ХУСУСИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР TFT

низоиро бартараф мекунанд. Ҳатто, агар мақсадҳои TFT фаҳмо бошанду байни худ низоъ набардоранд, бетағйир монанд, баҳодиҳии самаранокии ташкилот хеле мураккаб мегардад. Ин мураккабӣ дар ҳолате, ки мақсадҳои ташкилот миқдоран муайян шудаанд, самтҳои ба даст овардани муваффақиятҳо ба онҳо нигаронида мешаванд, аммо усулҳои объективии муайян намудани самаранокии қисматҳои алоҳида (департаментҳо)-и ташкилот вуҷуд надорад.

Албатта, масъалаи мазкур барои TFT ягона нест. Дар ширкатҳои хурд тафриқа ва департаменткунонӣ низ масъалаи ба ҳисоб гирифтани ҳаҷми маҳсулноку (баҳодиҳии самаранокии ҳайати кормандон) мебошад. Масъалаи дар аксарияти TFT мавҷуд набудани заминаҳои асоснок, манбаъҳои баҳодиҳии маҳсулноку (масалан, фоида аз саҳмия, даромаднокии активҳо ва ғайра дар ташкилотҳои тиҷоратӣ), ки барои баҳодиҳии фаъолияти ташкилотҳо ба пуррагӣ истифода мешаванд, пуршиддат мегардад.

Яке аз роҳҳои ҳалли масъала дар он аст, ки маҳсулнокии «хуб»-и вобаста ба ин меъёрҳо комёбшавии беандозаи мақсадҳои «ҳақиқӣ»-ро инъикос менамояд. Масалан, агар мақсади мактаб аз баландбардории маърифатнокии кӯдакон ва тайёрии онҳо ба ҳаёт бошад, мақсадҳое мебошанд, ки бевосита андоза надоранд. Барои баҳодиҳии самаранокии фаъолияти TFT танҳо истифодаи пурраи усулҳои бавоситаи андозагирии комёбшавӣ ба мақсадҳо мавҷуданд.

Дар ҳолати вобаста ба мактаб имконияти андозагирии баҳоҳои имтиҳонӣ ва истифодаи ин нишондиҳандаҳо барои муқоисаи як мактаб бо мактаби дигар ҳамчун меъёр мебошад. (Бо вуҷуди ин, ҳатто андозагирии «объективӣ» низ бояд эҳтиёткорона истифода карда шавад: ҳайати талабагони ҳар як мактаб, захираҳои мавҷуда, тарафдории волидон ва ғайра, якхела нест, бинобар ин оё истифодаи ин меъёр ҳамчун меъёри умумӣ одилона аст ё не?).

16.2. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Дар стратегия ва роҳбарии самараноки ТҶТ дар таҷриба аллакай принсипҳое истифода мешаванд, ки онҳоро аксарияти ташкилотҳои тиҷоратӣ ба расмият даровардаанд. Дар соҳаи мураккабтарин, яъне далелноку ва маҳсулнокии кормандоне, ки ба меҳнати зеҳнӣ машғуланд, онҳо кашфиётчиёни аслӣ буда, қоида ва усулҳоро кор карда баромадаанд, ки ташкилотҳои тиҷоратӣ бояд онҳоро дар муҳлатҳои дурудароз омӯзанд.

Таҳлили фаъолияти амалии ТҶТ нишон медиҳанд, ки идоракунии қисмати бештари онҳо ба шароитҳои нав мувофиқат намекунанд. Натиҷаи тадқиқот дар соҳаҳо ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шаҳодати онанд,

пешина
аз 469
навбатӣ